sebiston july new
АФЗОИШИ COVID-19 ДАР КИШВАР
2775


Шабонарӯзи гузашта, дар кишвар шумораи нави гирифторони бемории ҳамагир ба 81 нафар расидааст, хабар додааст, дафтари матбуотии вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои вазорати марбута, шабонарӯзи гузашта, коронавируси нави COVID-19, 81 ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуда, 71 нафари дигар сиҳат шудаанд. Вале аз ин беморӣ 1 ҳолати фавт низ ба қайд игирфта шудааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 26 июл дар кишвар 14673 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14167 нафар (96,5%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 118 нафар фавтидаанд.
Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз қабилӣ пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД