Arzon march 2024
Ҳафтаи рақобати ҳунармандон дар Душанбе
433

Вазорати фарҳанги кишвар аз 27-уми апрел то 4-уми май дар шаҳри Душанбе Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - “Парасту–2023” баргузор мегардад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, маросими ифтитоҳи расмии Фестивал – озмун 27-уми апрел, 17:30 дар МД "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ" баргузор мегардад.

Дар он 18 театри касбӣ иштирок карда, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021–2022 рӯи саҳна омадаанд, манзури мухлисони санъати театрӣ мешаванд”,-навиштааст ин ниҳод.

Ҳам замон, гуфта шуд, ки дар доираи Фестивал ду мизи мудаввар - “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” ба назар гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Фестивал–озмун анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии кишвар ширкат меварзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД