Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, имрӯз, 2-юми апрел дар кишварамон ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” оғоз ёфта, то 9-уми апрел идома хоҳад кард.
Маросими ифтитоҳи ҷашнвораи китоби кӯдакон ва наврасон санаи 2-юми апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар баргузор гашта, аз соати 10:00 то 11:00 дар саҳни Китобхона намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр гузаронида мешавад. Театри лӯхтак ва Сирки давлатӣ намоишномаҳои ҷолиби кӯдаконаро манзури бачаҳо мегардонанд.
Соати 11:00 дар толори Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки адибон ва намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ва Иттифоқи нависандагон ифтитоҳи расмии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” сурат мегирад.