Аз 20 то 25-уми май таҳти унвони «Душанбе - шаҳри ҳушманд» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Бино ба иттилои маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақсад аз баргузории ҳафта дастгирии шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба техникаву технологияи муосир буда, дар доираи ҳафта озмунҳои гуногун баргузор мегарданд.
Ҳафта таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузаронида шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.