Arzon march 2024
АФҒОНИСТОН: ДАР ДУ ҲАФТА 5000 ХОНА ВАЙРОН ВА 57000 ХОНАВОДА БЕХОНУМОН ГАШТАНД
3338

Бо муташанниҷ шудани вазъи Афғонистон дар моҳи охир шумораи гурезагон торафт меафзояд.

Мардум аз тарси ҷон хонаву хонумони худро раҳо намуда, рӯ ба кишварҳои наздиктарин меоранд, кор ба ҷое расидааст, ки дар баъзе вилоятҳо ҳатто пашша пар намезанад...

Аввали моҳи августи имсол 57 ҳазор хонавода аз тарси толибон Афғонистонро тарк намуда, бехонумон гаштанд. Шумори оворагони ин кишвар бошад ба 5300 хонавода расидааст. Дар ин бора Ризо Боҳир, муовини сухангӯи вазорати муҳоҷирон ва бозгашткунандагон гуфтааст.

Ба қавли Ризо Боҳир аксари оворагон аз вилоятҳои Ҳилманд, Қундуз, Қандаҳор ва Нангарҳор мебошанд, ки муҳоҷир шудаанд.

Муовини сухангӯи Вазорати муҳоҷирин илова кард, ки ба қисмате аз онҳо ёрии башардӯстона расонидаанд ва иқдомҳои хайрхоҳона идома доранд.

Ба гуфтаи мақомот имкон дорад шумораи муҳоҷирон ва гурезагони афғонбоз ҳам афзояд. СММ, ИМА ва як қатор мамлакатҳои дигар ваъдаи кӯмак додаанд. Вале мо умед мебандем, ки авзоъи кишвари ҳамсоя ба зудӣ ором гашта, гурезагони авғон ба диёри аҷдодии худ бармегарданд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД