НОМА АЗ БИСТАРИ МАРГ
...Хостгорони зиёде доштам, аммо ҳамаашонро ба баҳонае рад мекардам. Як шом падари Акрам барои хостгорӣ омаду модарам аз ман напурсида, ба вай не гуфт. Аммо ман баъди рафтани мӯйсафед ба модарам гуфтам, ки Акрамро мегираму тамом. Ҷангу ҷанҷолҳои якмоҳаи модарам асаре накарду чун бори дуввум модари Акрам барои хостгорӣ омад, ӯ ноилоҷ розӣ шуд, вале маро дуои бад кард. Модарам бо чашми гирён гуфт, ки мардум чӣ мегӯянд, ягон айб дошт, ки духтари хона марди зандидаро гирифт...
Манижа: Ман тоҷикам, аммо Русия маро тарбия кардааст...
...Шахсан худи Манижа дар 14-солагӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст. “Вақте бузург шудам, баъд андеша кардам, ки чӣ тавр ман боғчаву мактабро хатм кардам, дар ҳоле ки шаҳрванди Русия набудам. Маълум шуд, ки модарам пул ёфта, ришва додааст, то мо таҳсил кунем, вагарна ин кор ғайриимкон буд. Дар боғчаву мактаб бо нажодпарастӣ зиёд рӯ ба рӯ мешудам. Дар боғча маро “хари сиёҳ” меномиданду ман ба хона омада, ин калимаро такрор мекардам. Фикр мекардам, ки ин гапи хуб аст ва ба маънои аслиаш сарфаҳм намерафтам”,-мегӯяд Манижа...
Ҳайфи 15 соли умрам, номард!
...Баъди ба худ омадан болои сар фақат ҳамсоязанҳоро дидаму халос. Ин гуна ҷараён гирифтани таваллуд сиҳатии маро ҳамчун зан ба тамом рабуда буд. Ту худ медонистӣ, вале мисли зан бемории қаҳрӣ карданҳоят шабу рӯз авҷ дошт. Чунки туро зарур буд, то бо маъшуқаат бошӣ. Маъшуқаат бошад, зани наздиктарин рафиқи туст. Ҳатто рӯирост фармудӣ, ки ман бо он ки ту кай, соати чанд хона меоӣ, кордор набошам. Ба хотири гармии муносибат ва ба хотири саломатии худ тӯҳфаи туро, ки нишони замони арӯсии ман буд, фурӯхта, худро ҷарроҳӣ кардам...
Ба Марями Абдулло кӯмак кунед, вагарна...
...Абдулло Шарипов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Маҳфилоро” дар барномаи “Ногуфтаҳо” мегӯяд, барои ҷарроҳии духтарчаи хурдсолаш ба кӯмаки моддӣ эҳтиёҷ дорад. Марям, духтарчаи 2-солаи Абдулло 6 моҳ боз ба бемории “остеомиелит” (илтиҳоби устухон ё боди устухонхӯрак) гирифтор аст ва то имрӯз се амалиёти ҷарроҳиро паси сар кардааст. Барои ҷарроҳии чоруми ӯ, ки бояд дар хориҷ аз кишвар сурат гирад, маблағи калон лозим аст, дар акси ҳол, табибон пои кӯдакро мебуранд...
5 роҳи халосӣ аз аллергия
...Аллергия касалии гузаранда нест, вале он метавонад, ки аз насл ба насл гузарад. Яке аз волидон аллергия дошта бошад, хавфи ба аллергия гирифтор шудани фарзанд 30%-ро ташкил мекунад, агар ҳам падар ва ҳам модар ба ин иллат гирифтор бошанд, он гоҳ ин хатар ду маротиба зиёдтар шуда, то ба 70% мерасад. Ногуфта намонад, ки дар давраи ҳомиладорӣ ба аллергия гирифтор шудани зан низ ба саломатии тифли дар батнаш буда бе таъсир намемонад...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 12-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 31-уми марти соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!