Наташа Шигина, русзани бесарпаноҳе, ки чандин сол боз дар яке аз вайронаҳои шаҳри Хуҷанд ба истилоҳ “бомж” буд, дар арафаси соли нави мелодӣ, шоми 26-уми декабр дар синни 38 солагӣ фавот кард.
10 рӯз пеш аз маргаш вақте мо ба аёдаташ рафтем, Наташа бемор ва шароити будубошаш бисёр вазнин ва нигаронкунанда буд.
Духтарамро ба ятимхона супурдам
Дар сӯҳбати охиринамон бо ин зани “бомж” Наташа сабаби бе сарпаноҳ монданашро чунин нақл карда буд:
“Ман ҳанӯз замони кӯдакӣ аз падару модар ятим монда будам. Беҳуда нагуфтаанд, ки сағера рӯз бинад ҳам, ҳаргиз рушноӣ намебинад. Бо сад хориву зорӣ калон шуда, баъди азобҳои зиёди ятимӣ ва сарсониву саргардониҳои исёр ниҳоят бахт ба рӯям хандида оиладор шудам. Дар аввал зиндагии якҷояи мо зоҳиран хуб буд. Дар миён соҳиби як духтарча бо номи Вика шудем, аммо баъд ҷангу ҷанҷолҳо сар шуданд ва билохира оиламон пош хӯрда ман бо духтарам бе хонаву ҷой мондам. Азбаски дар ятимхонаи шаҳри Душанбе калон шуда будам, ягон хешу табор ваёру ошное надоштам, ки дар рӯзҳои сахти ҳаётам дасти маро гирифта бо кӯдаки хурдсол дар хонааш роҳ диҳад. Ночор ба ин ҷо омадаам. Хориву зорӣ ва ранҷу азобҳои бисёре кашидам, вале дар айни беморӣ он лаҳзаҳои бисёр талх ва ногувори зиндагиамро ба ёд овардан намехоҳам. Қисса кутоҳ, мани ятим пештар дар ошхонаҳо кор мекардам, вале бо сабаби беморӣ дигар кор карда натавонистам ва хеле вақт аст, ки дар ҳамин вайрона зиндагӣ мекунам...
Аташа гуфта буд, ки азоби бехонагию дар ба дарӣ оқибат кори худро карда, ба бемории саратон печидааст. Вақте пурсидем, ки табобат мегирад ё не, Наташа бо дард гуфта буд: “Одамони дорову сарватманд наметавонанд бо ин беморӣ мубориза баранд, пас мани бесарпаноҳ чӣ кунам?! Ман кайҳо ба тақдири талхам тан додаам. Фикр мекунам, ки умрам ба поён расида истодааст. Духтарам-Вика 12-сол дорад. Барои он ки мисли худам сарсону саргардон нашавад, духтарамро ба мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд ҷой кардам. Намехоҳам, ки ояндаи духтарам мисли ҳаёти ман ҳузнангез бошад...”
Бо кӯмаки мақомот Наташаро ба хок супориданд
Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари Созмони “Диёр” гуфт:
“Айни замон дар вилояти Суғд тахмин 500 бесарпаноҳ (бомж) зиндагӣ мекунанд ва Наташа яке аз онҳо буда, гирифтори бемории саратон буд. Бисёр таассуфовар аст, ки “бомж”-ҳо аксаран ҷавон ва ё синну соли миёна, яъне қувваи корӣ ҳастанд, аммо баъди бесарпаноҳ мондан дар кӯча зиндагӣ карданро ихтиёр менамоянд ва оқибат дар гаражу вайронаҳо мурда мераванд.
Абдураҳмонова мегӯяд, барои дар кӯча мондани шахсони бесарпаноҳ пеш аз ҳама аҳли оилаи онҳо гунаҳгоранд. Вақте ки волидон ба фарзандони худ таваҷҷуҳ надоранд, шароитҳои лозимаро барои фарзадонашон фароҳам намеоранд ва ба қадри зарурӣ ба онҳо меҳру муҳаббат дода наметавонанд, дар ин ҳолат албатта фарзандон рӯй ба ҳаёти кӯчагӣ меоранд.
Ба гуфти Баҳрӣ Аюдураҳмонова афроди бесарпаноҳ бисёр ҳасос ва якрав ҳастанд.
Азбаски дар ҳолати ғайри сантитарӣ умр ба сар мебаранд ва нисбати саломатии бепарво ҳастанд, қисми зиёдашон дорои бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, сил, майзадагӣ буда, ниёз ба табобати ҷиддӣ доранд. Инчунин барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо табобати психологӣ ва кӯмакҳои ҳуқуқиву моддӣ зарур аст. Онҳо аввал табобат гирифта, баъдан бояд курсҳои мутобиқшавӣ ба ҳаёти осоиштаро гузаранд. Вақте ки мо, аҳли ҷомеа ба ҳаёти бомжҳо беэътибор мешавем, ин барои ҳаёти худи мо хатарнок аст, зеро бештари онҳо руҳан хаста ҳастанд ва асабонияти шадид доранд. Вақти ба буҳрони психологӣ гирифтор будан худое накарда корд ё дигар олоти халандаю буррандаро гирифта ба кӯча бароянд, пас чи мешавад? Ин масъала битсёр ҷиддӣ аст. Набояд ба тақдири онҳо бетараф буд.
Дар охир Абдураҳмонова гуфт:
“Барои дафни Наташ ба мо аз мақомотҳои интизомӣ хеле кӯмак карданд. Аз идораи додситонӣ, шӯъбаи корҳои дохила, ёрии таъҷилӣ, сардхона, масъулони қабристонҳои Хуҷанд кӯмаки фаврӣ расониданд ва дирӯз ӯро ба хонаи охират гусел кардем.”
Дар 10 рӯз се “бомж” фавтид
Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари Созмони “Диёр” мегӯяд, хеле таассуфовар аст, ки дар 10 рӯзи охир 3 нафар аз бесарпаноҳон фавтидаанд. Яке аз онҳо пиронсол буд ва ду нафари дигараш ҷавонтар. Ба гуфтаи Абдураҳмонова Созмони "Диёр" дар Хуҷанд дар охири моҳи сентябри соли 2021 бо мадади Бунёди Нотабене ва ихтиёриён шахсони бесарпаноҳро дар Суғд муайян карда дар миёни онҳо пурсиш гузаронидааст. Таҳқиқ маълум кард, ки дар вилояти Суғд қариб 500 бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд.
Фарзона Муродӣ