«Ба даҳони сағера нон расад, бинияш хун мешавад» гуфтани бобоҳоямон беҳуда набудааст, баъди сари падару модарам ману хоҳарам Роҳила ба ҳақиқати ин гуфтаҳо сарфаҳм мерафтагӣ шудем. Зиндагиамон беранг гашта, корамон шабу рӯз гиря кардан буд.
Аламамонро аз коғазу қалам гирифта, дарди диламонро навишта ба ҳафтаномаҳо равон мекардем, то андаке таскин ёбем, вале садама ва ҷасадҳои ба хоку хун оғуштаи волидонамон ҳеҷ гоҳ аз пеши назарамон дур намешуд. Марги даҳшатбори падару модар ману хоҳарамро девона карда буд. Ягона тасаллобахши дилҳои мо, ятимакон бибиҷонам буд, дигар ҳама моро “нонхӯри зиёдатӣ” меномиданд. Заҳри забони янгаву амакҳо аз ҷавшани ҷонамон мегузашт, вале замин сахту осмон баланд буд ва мо ба ҷуз сабр чора надоштем. Ҳамин тавр, солҳо турнасон гузаштанду бо хорию зорӣ ба камол расидем. Маро хешу табор зан доданд ва хонаи раҳматии падарамро таъмир намуда, гуфтанд, ки минбаъд бояд аробаи зиндагиамро худам кашам. Аввалҳо зиндагиамон бо арӯсам хеле хуш мегузашт, вале баъди соҳиби фарзанд шудан занам якбора пӯстинашро чаппа пӯшида ба таънаю маломат гузашт.
“Нони хӯрдан надорию боз мушт ба синаат кӯфта ман мардам мегӯӣ” гуфта, мудом маро неш мезад. Моҷаро ва ҷангу ҷанҷолҳои пайвастааш ба ҷонам заданд ва боре ба рӯяш як шаппотӣ фаровардам. “Аз баҳри ту барин мардак гузаштам” гӯён, духтарчаамро гирифта баромада рафт. Ба қисмати талхам лаънат хонда, боз ба тақдир тан додам. Боз ману хоҳарам танҳо мондем. Синну соли Роҳила ба шавҳаркунӣ расида буд ва тез-тез хостгорон дарамонро мекӯфтанд. Ситораи яке аз онҳо ба ман писанд омад ва ризоияти хоҳарамро напурсида, розигӣ додам. Роҳила ин гапро шунида хонаро ба сараш бардошт. “Ҳаёти худат бароят дарси ибрат нашуд, ки боз зиндагии маро ба дӯзах табдил медиҳӣ. Ҷойи туро танг мекарда бошам, худамро мекушам, лекин ба он ҷавон намерасам”,- мегуфту зор-зор гиря мекард.
Дар байни обу оташ монда чӣ кор карданамро намедонистам, бар замми ин, хостгорони хира ба ҷонам расонида “ту чӣ хел мардӣ, ки аз лафзат мегардӣ?!” гӯён, сарамро гиҷ мекарданд. Намедонам тақдири хоҳарам аз азал бо он ҷавон пайваст будааст ё ғуруру якравии ман боис гашт, ки оқибат тӯй барпо гашт. Зиндагии маҷбурӣ хоҳарамро хушбахт накард, баъди як сол Роҳила аз шавҳараш талоқ гирифта, дубора ба хона баргашт. Хушдоманаш “Сағерадухтари пойлуч, чаро гарнитур наовардӣ?!” гӯён, хоҳараки бечораамро азоб медодааст. Ана ҳамин тавр мо, ду ятим танҳо бо гуноҳи камбағалӣ хонавайрону бадбахт шудем. Худованд ҳеҷ касро бе касу кӯй ва бесоҳиб накунад!
Л, аз Конибодом