Sebiston new 2024 october
Ҳаёти духтаронро насӯзонед, мардҳо!
1763
no-img

Мо дар оила 5 нафар будем: падару модарам, ман, хоҳарам ва додарам. Падарам соҳиби ширкатҳои зиёд буду мо дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашидем. Дар хурдӣ аз падарам бисёр хоҳиш мекардам, ки маро ба тамошои ширкатҳои худ барад. Орзу доштам, ки дар яке аз корхонаҳояш ба ҳайси роҳбар кору фаъолият намоям.
Рӯзе ҳамроҳи падарам ба яке аз бонуфузтарин ширкатҳояш рафтем. Азбаски бисёр духтари кунҷкоб будаму оиди фаъолияти корхонаҳояш саволи зиёд медодам, падарам ба ман гуфт: ”Духтарам, ту барои чӣ ин қадар дар бораи кору фаъолияти ширкат саволи бисёр медиҳӣ?” Дар ҷавоб гуфтам: ”Падарҷон, ман мехоҳам дар оянда идомадиҳандаи касбатон бошам”. Падарам дар он ҷо ба ман ваъда дод, ки агар мактабро бо баҳои аъло хонда, соҳиби маълумот гардам, маро дар ширкатҳои худ ба ҳайси роҳбар таъин мекунад. Ваъдаи падарро дар гӯшам ҳалқа карда, ҳамеша дар паи ҷустуҷӯи илму дониш будам. Хушбахтона, мактабро бо сари баланд хатм карда, таҳсилро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома додам. Ҳамеша дар фикри ман танҳо хондан ва ба ҳадафи худ расидан буд. Билохира, ба орзуи кӯдакии худ расидам. Донишгоҳро бо дипломи сурх тамом кардам ва падарам ба ваъдаи худ истода, маро дар яке аз ширкатҳои худ ба ҳайси роҳбар таъин намуд. Акнун худро хушбахттарин духтари дунё меҳисобидам.
Рӯзе дар корхона барои мо кадри ҷавон лозим шуду дар маҷаллаҳо эълон додем. Баъди чанд рӯз дар хона будам, ки ба ман аз ҷои кор занг зада гуфтанд, ки аз рӯйи эълон як ҷавон ба кор омадааст. Азбаски барои ширкат коргар муҳим буд, гуфтам, ки маро мунтазир бошад, зуд расида меоям. Вақте ба назди корхона расидам, ҳангоми аз зинапояҳо баромадан ногаҳ поям лағжиду ҳангоми афтидан маро як ҷавон бардошт. Чун ба наҷотдиҳандаам нигаристам, хеле ҷавони зебо буд. Чашмони сиёҳ ва абрӯвони пайваст дошт. Вақте бо пои худ рост шудам, ба ҷавон миннатдори баён намуда, ба утоқи кориям рафтам, аммо он ҳодиса ҳеҷ аз пеши назарам намерафт. Баъдан ба котиба занг зада гуфтам, ки ҷавони аз рӯйи эълон ба кор омада ба назди ман дарояд. Ҳамин вақт касе дарро ангушт зада даромад. Ҳангоме, ки нигоҳ кардам, дар рӯ ба рӯям ҳамон ҷавони дар берун вохӯрдаам бо лабханд ба ман менигарист. Ҳамон лаҳза бори аввал ошиқ шудам, ошиқи лабханди зебо ва қаду қомати расоӣ ҷавони ношинос. Бо Муқим чанд соат сӯҳбат карда, аз наздик шинос шӯдем. Ман ӯро ба кор қабул кардам ва дархост намудам, ки корро аз пагоҳ оғоз намояд. Дар рӯзи аввали кориаш мо барои шиносоӣ бо Муқим ҷаласае баргузор намудем. Ӯ аввал худро шинос кард ва дар оянда чӣ нақшҳо доштанашро пешниҳод намуд. Аммо ҳушу ёди ман танҳо ба чеҳраи зебо ва чашму абрӯвони сиёҳи ӯ банд буд. Дар ҷаласа бори дигар девонавор ошиқи ӯ шудам. Баъди кор аз ӯ каме пештар баромада, ӯро мунтазир шудам. Ҳангоме, ки аз корхона баромад, бо мошини худ ба наздаш рафтам ва гӯё ин ҳодиса тасодуфӣ рух дода бошад, сохтакорона гуфтам:” Чӣ тасодуфе, биё шин, ҳамроҳ меравем. Ман ҳам нав аз кор баромадам, туро ба ҷои лозимиат бурда мерасонам”. Муқим ҳам розӣ шуд. Ҳангоме, ки дар роҳ мерафтем, гуфтам “сахт гурусна ҳастам, биё якҷоя хӯрок хӯрем”, ӯ ҳам қабул кард. Мехостам бо баҳонаи хӯрокхӯрӣ наздиктар шинос шавем. Ҳамроҳ хӯрок хӯрдем ва зиёда аз як соат сӯҳбат кардем. Ба Муқим 300 доллар бо баҳонаи барои пешниҳоди нақшаҳои хубаш пул додам. Бо ҳамин қиссаи ошиқии мо оғоз гардид. Ман акнун ӯро ҳар рӯз бо ҳар баҳона ба назди худ даъват мекардам ва мо соатҳо сӯҳбат анҷом дода, шӯхиву бозӣ мекардем. Баъди кор ҳамарӯза барои тамошо ба ҳар ҷо мерафтем. Ҳамин тавр, аз ошиқии мо шаш моҳ гузашт. Як рӯз хостам барои дӯстдоштаам тӯҳфаи арзанда кунам. Барояш мошин харидам. Саҳар мунтазири омаданаш будам. Мутаассифона, соат ба 10 наздик шуд, аммо аз Муқим хабаре набуд. Беқарор шуда, ба ӯ занг задаму дарҳол гуфтам:
-Алло, Муқимҷон соат 10 шуд. Ту дар куҷоӣ? Кай меоӣ? Бароят тӯҳфа дорам.
Зане дар ҷавоб гуфт:
-Шумо ба кӣ занг зада истодаед? Нафаҳмидам?
-Шумо Муқимҷон нестед? Барои чӣ телефони Муқимҷон дар дасти шумост? Кӣ ҳастед?-гуфтам бо изтироб.
Зан дар ҷавоб бо қаҳр гуфт:

-Ман ҳамсари Муқимҷон ҳастам. Шумо айбро намедонед, шавҳари як нафари дигарро кашида мегиред? Номус доред ё не?
-Чӣ хел ҳамсараш? Муқимҷон ба ман оиладор буданашро нагуфта буд. Ӯ ба ман гуфт, ки муҷаррад аст.
Зан гуфт:
-Чор сол инҷониб бо ман зиндагӣ мекунад. Мо соҳиби ду писари нозанин ҳастем. Дигар ба ин телефон занг назанед,- ва телефонро хомӯш кард”.
Баъди шунидани ин хабар дунё дар назарам торик шуд. Намедонистам чӣ кор кунам. Танҳо зор-зор мегиристам. Худи ҳамон рӯз ӯро аз кор озод кардам ва ба посбон гуфтам, ки дигар ӯро ба ширкат ворид шудан намонанд. Дар охир аз тамоми мардон хоҳиш мекунам, ки бо ҳаёти духтарон бозӣ накунанд. Шумо ҳам модару хоҳар доред ва дар оянда соҳиби духтар мешавед. Ҳаёти духтаронро бо ваъдаҳои дурӯғ насӯзонед.
Манижаи дилшикаста
Таснифи Усмонзода Меҳроншоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД