arzon replenishment
ҲАЁТАМРО СӮХТӢ, ДАДА!
10.09.2020
Дилошӯб
7302

 Солҳо чун турнаҳо аз самои умрам парвоз карда рафта истодаанд, ҷавонӣ ҳам ба зебоиву тароваташ сипарӣ гашта истодааст, вале зиндагӣ бароям ранге надорад…

Шояд хонандаи ин сутур ба сӯям санги маломат меафканад, ки ман бонуи тоҷик зиндагии шахсиямро расонаӣ мекунаму шиква дорам.. Худам низ шиква карданро дӯст намедорам, вале беҳуда нагуфтаанд, ки заҳри одамро одам мегирад, имрӯз қарор додам сарнавишти хешро пешкаши хонандаи закии ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» намоям…

                         Бойдухтар

Ман дар оилаи сарватманд ба дунё омадаам, падарам бисёр инсони наҷибу босаводу хушхулқ аст. Маҳз ҳамин хислатҳояш ӯро соҳиби обрӯву эътибору давлату сарват гардонидааст. Дар оила мо ду нафарем, ману додарам. Падарам дар тарбияи мо тамоми ҳастияшро дод, хононд, соҳиби маълумоти олӣ кард. Ҳарчанд талабгоронам зиёд буданд, вале ман як ҷавонеро дӯст медоштам, ки аз яке аз деҳотҳои Кӯлоб ба пойтахт барои кор омада буду иҷора менишаст. Аҳмад дар як тарабхона ба ҳайси ронандаву таъминкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ кор мекард, мо тасодуфан шинос шудем. Як бегоҳ аз дарс баромада, мунтазири нақлиёт будам, ки як ҷавони шилқин сари роҳамро гирифта, гап партофтан гирифт. Чун дид, ки ман аҳамият намедиҳам, дастамро кашид, ман ӯро ҳақорат додаму лекин тарсидам, одамон бепарво гузашта мерафтанд. Ҳамин вақт як ҷавони болобаланди зебо наздамон пайдо шуда, ҷавонро аз дасташ гирифта, он тараф бурду баъди чанде ба наздам омада гуфт:

-Кадом тараф меравед? Чун суроѓаро гуфтам, як дам истед гуфта, баъди чанде бо мошин омада, наздам истоду маро ба нишастан таклиф кард. Ростӣ, аз тарси баргашта наомадани ҳамон ҷавони шилқин ба мошинаш нишастам ва ҳмин тавр, мо бо ҳам шинос шудем…

Аввалҳо муносибати мо дӯстона буд, танҳо баъди як сол Аҳмад ба ман изҳори ишқ карду ман қабул намудам.

                        Анҷоми ишқ

Ман донишгоҳро хатм кардаму дар як бонк ба кор шурӯъ намудам, хостгоронам зиёд буданд, аммо падарам, ки бисёртар гапи аммаҳоямро гӯш мекард, домоди ёфтаи апаашро маъқул донист. Бояд бигӯям, ки падарам нисфи дороияшро ба аммаву амакҳоям медод. Аммаи калониям худашро дилсӯз нишон додаву писари дугонаашро таърифу тавсиф карда, падарамро розӣ кунонд. Гиряву зориҳои ман ба гӯши волидонам намедаромаданд, Аҳмад инро дида, худаш ба назди падарам барои гуфтугӯ омад. Вале падарам маро ба ҷавони ба қавли худаш бегона «ҳайф» накарда, ба домоди ёфтаи хоҳараш дод. Тӯйи бошукӯҳе барпо карда, бо ҷиҳози зиёде маро ба хонаи бахтам гусел карданд. Дар як хонаи сеҳуҷрагӣ ману шавҳарам, ҳеварам бо оилааш ва боз хусуру хушдоманам зиндагӣ мекардем. Хонаводаи шавҳарам зиндагии камбаѓалона доштанд, ҷиҳози додаи падарам ба се ҳуҷра расиду хонаву дари онҳо ранги дигар гирифт. Бовар кунед, ин ҳама маро ѓамгин намекард, зеро ҳеҷ гоҳ байни дорову нодорҳо фарқ намегузоштам. Ман ба хотири падарам ба ҳама чиз тоқат мекардам, вале шавҳарамро дӯст намедоштам…

             Зиндагӣ бидуни ишқ

Шавҳарам ҷавони безеб набуд, вале дили яктопарасти ман танҳо Аҳмадро дӯст медошт. Ман пеши худ мақсад гузоштам, ки акнун зани шавҳардораму ҳатто ба хотир овардани Аҳмад мумкин нест. Зиндагии бидуни ишқи ман идома меёфт…

Шавҳарам барои ба даст овардани дили ман коре намекард, бар замми ин, бекорхуҷаи гузаро буд. Ман кор мекардам, ҳам сару либоси худамро таъмин мекардам, ҳам боз ба дасти хушдоманам низ ҳар моҳ як миқдор пул медодам. Шавҳарам рӯзи дароз дар таги телевизор «Деҳ, ки хӯрам, зан ки мурам» гуфтагӣ барин менишаст, чизе ёбад, мехӯрд, наёбад мемурд… Падарам хатояшро фаҳмида бошад ҳам, маро ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекарду такрор ба такрор мегуфт, ки ҳеҷ гоҳ оилаатро вайрон накун, обрӯйи маро дар назди хешу бегона нарезон..

Ба хотири падарам зиндагӣ мекардам, соҳиби писараки зебое шудем, зани ҳеварам низ чор кӯдак дошт. Тасаввур кунед, зиндагии дувоздаҳ нафарро дар як хонаи сеҳуҷрагӣ. Баъде, ки писаракам калон шуд, ташвишҳо ҳам калон шуданд, зеро акнун аз рӯйи кӯдакҳо бо зани ҳеварам мудом ҷангӣ будем. Мард барин кор кунам ҳам, як тини зардак ҷамъ карда наметавонистам, зеро ҳамааш сарфи рӯзгор мешуд…

           Тайёрахӯрҳо

Падарам аз авҳоли зорам хабар дошту бароям аз биноҳои навсохт як хонаи дуҳуҷрагӣ харид, дару тиреза, ҳаммому ҳоҷатхонаашро ба тартиб дароварду танҳо таъмираш мондааст. Шавҳарам пинакашро вайрон накарда, зиндагии танбалонаашро идома медод, як рӯз ба вай гуфтам:

-Айба намедонӣ, падарам хона харид, ақаллан ҳамонро таъмир намекунӣ?!

Сари ҳамин масъала ҷанҷол кардем, субҳ пеш аз кор рафтан суҳбати хусурам бо шавҳарам ба гӯшам расид. Ӯ ба падараш мегуфт, ки ёрӣ диҳед, то хонаи харидаи хусурамро таъмир карда, ба он гузарем. Хусурам бо оҳанги сарзаниш гуфт:-

-Хона хариданд?! Сабр кун, таъмираш ҳам мекунанд! Ростӣ, худамро ба зӯр доштам, ки гашта, бо хусурам ягон ҳарфи бад нагӯям..

Тавба, одам наход то ҳамин дараҷа бе нангу номус шавад, падари ман сарватманд шуда, дар бало монд?! Шавҳарам як ҷавони чорпаҳлуи деворро зада чаппа мекардагӣ дар фикри хонаву дар, зану фарзанд нест, хусурам бошад, ба ҷойи насиҳат кардан ӯро ба алфонсиву тайёрахӯрӣ талқин мекунад.

          Занг аз гузашта

Қиссаи ишқи нокоми ману Аҳмадро ҳамкурсам Зайнура хуб медонист, ману Зайнура дугонаҳои ҷонӣ будему ҳастем. Аҳмад низ бо Зайнура дӯст буд…

Ман умуман даар шабакаҳои иҷтимоӣ нестам, аммо Зайнура корбари фаъоли ин гуна шабакаҳост ва Аҳмадро пайдо кардаасту сӯҳбат кардаанд. Ӯ дар омади гап дар бораи зиндагии сахти ман гап кушодааст ва рақами телефонамро аз ман напурсида, ба вай додааст. Як рӯз Аҳмад ба ман занг зад, ман медонистам, ки ӯ баъди шавҳар кардани ман ба Русия рафта буд, дигар ҳеҷ, ӯ дар ҳамин зангаш ба ман дар бораи зиндагияш нақл кард. Аҳмад дар Русия тиҷорати худро ба роҳ монда, зани рус гирифтаасту боз аз вай ҷудо шудааст. Мегӯяд, ки то ҳол туро дӯст медорам, аз шавҳарат ҷудо шав, мегирамат.

Ман ба Аҳмад гуфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ маро ҷӯё нашавад, ман шавҳарамро дӯст медораму аз вай ҷудо намешавам.

Албатта ман ҳеҷ гоҳ ба шавҳарам хиёнат намекунам, зеро обрӯ барои ман дар ҷойи аввал меистад, вале мехоҳам аз минбари баланди ҳафтавори шумо ба падарам, ки ҳар ҳафта онро мехонад, бигӯям:

Ҳаётамро сӯхтӣ, дада!

Имрӯз ту болои сари маниву дастгириям мекунӣ, фардо бо ин марди танбалу алфонси тайёрахӯр ҳолам чӣ мешавад? Ман мехоҳам боз як фарзанди дигар таваллуд кунам, бисёр мехоҳам духтарча дошта бошам, аммо аз тарси он ки чанд моҳ бекор монда, чӣ кор мекунам, аз ин орзуи муқаддас даст кашидам…

                                                                           Анзурат

             Таснифи Дилошӯб

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД