Arzon march 2024
Ҳадяи Рамазон Қисми 4
25.04.2022
ОИЛА
2370

 

Бо кампир унс гирифтем, он рӯз ҳавлию ошхонаро низ тоза карда, наскпиёба пухтам. Гулдона аз савдояш баргашта, ин тағйиротро дида хурсанд шуд.

Барои мани бо меҳнат омӯхта ин корҳо ҳеҷ душворӣ надошт, дар як муддати кӯтоҳ ҳавличаи бетартиби ин хонадонро ба тарзи ношинохтанӣ дигар кардем. Аз Гулдона дида, Қудрат ба тозагӣ ҳавас дошт, ҳавличаро як дарахти садаи калон соягӣ мекард. Дар зери сада як кати шикастаи чӯбине буд, ки болояш ҳар гуна коло мехобид, ману Қудрат онро аз нав таъмир карда, ранг молидему ба болояш палосе партофта, акнун дар берун мешиштем. Модари онҳо Зумрад-холаро аз ин кори мо хуш омад, акнун қисми зиёди рӯзро дар берун мегузаронид. Пас аз се рӯзи ба ин хонадон омадани ман моҳи шарифи Рамазон омад, мо ҳама рӯзадор будем. Шабҳои рамазониро бо тавбаю истихфор гузаронида, аз Худованд хоҳиш мекардам, ки ба роҳи рост ҳидоятам кунад. Тавба мекардам аз он гуноҳҳои аз ноилоҷӣ содирнамудаам…

Хулоса, дар ин хонадон одами худӣ шуда мондам.

                                     «Хостгорӣ»

 

Ба Гулдона гуфтам, ки “акнун духтари калон шудаӣ, бас аст қурутфурӯшӣ, як тафдон харида биёр, ман самбӯса мепазам, ту бурда фурӯш, ин хубтар аст”. Бояд бигӯям, ки ман ба ин духтараки меҳрубон тозагиву озодагӣ ва ба худаш аҳмият доданро низ омӯхтам. «Бизнес»- амон бо Гулдона барор гирифт, ӯ аз пешина зиёдтар фоида мегирифт. Баъдтар барои чанд мағоза кулчақанд пухта бурда медодем, дар як сол мо хонаҳоро таъмири хуб карда, бомашонро иваз кардем. Ошхонаро аз хонаҳо ҷудо намудем ва он ҷо хӯрок мепухтему хӯрок мехӯрдем, телевизор медидем. Қудрат бошад, аз ҳисоби пулҳои ҷамънамудааш яхдон, телевизори нав ва табақу косаи нав харид. Кайфияти ҳоли Зумрад-хола ҳам хуб буд, ӯро ба духтур нишон додему ҳар гуна доруҳои фармудаи ӯро гирифтем. Ҳамсояҳо маро дида мепурсиданд, ки ин духтар кист? Гулдонаи айёр маро духтаи холаи вафоткардааш муаррифӣ намудааст. Пас аз якуним соли зиндагиям дар ин хонадони камбизоат, вале меҳрубон Зумрад-хола маро барои Қудрат хостгорӣ кард. Ростӣ, Қудрати меҳрубонро чун додарам дӯст медоштам, вале барои раҳониданашон маро аз вартаи бадномию бекасӣ розӣ шудам.

Бале, шавҳарам ҷавони назарногир ба ивази ин ланг буд, вале ман ба ҷон розӣ шудам, ки келини ин хонадон шавам…

Инак, понздаҳ сол мешавад, ки ман зиндагии ҳалолу покиза, шавҳару ду фарзанди нозанин дорам. Хушдоманам аз олам чашм пӯшид, Гулдонаро як марди занмурда ба занӣ гирифт, ӯ ҳам хонаи ободу зиндагии тинҷу осуда дорад. Шавҳарам бо мошинаш кирокашӣ мекунаду дар вақтҳои бекорияш ба касби пешинааш машғул аст, ман дар хона фармоиш мегираму барои маъракаву тӯю сӯр шириниву самбӯсаҳои гуногун мепазам. Имрӯз дар ҷойи кулбаҳои кӯҳнаяк хонаи зебову барҳаво қомат афрохтааст, додаронамро низ ёфтаму хоҳару кампири холаамро низ. Бо ҳамдигар дар робитаи доимӣ ҳастем…

Ҳамаи ин муъҷиза ва ҳадяи моҳи шарифи Рамазон аст, ҳамон Рамазоне, ки бори аввал дар ғарибиву танҳоӣ бо одамони бегона пешвоз гирифта будам.

Боқӣ, дар паноҳи Худо бошед!

                                                                     Насиба

Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД