Arzon march 2024
Ҳадяи Рамазон Қисми 3
24.04.2022
ОИЛА
2680

       Дар дастам ягон дирам надоштам, дар назди бозори маркази ноҳия нишаста, гадоӣ кардам ва роҳкироямро ҷамъ карда, ба Душанбе расидам.

Ман бори аввал Душанберо медидам, бо пули дар даст доштаам аз як зани самбӯсафурӯш ду санбӯса харида хурдаму ба ӯ саргузаштамро нақл кардам. Ӯ гиряҳои зор-зори маро дида гуфт:

-Ман ҳам як камбағалам, дар як хобгоҳ бо ду фарзанди маъюб умр ба сар мебарам. Шавҳарам писари холаам буд, маро ба ҳамин шаҳри калон оварду баъди як моҳ ба Руссия рафту бедарак шуд. Имрӯз ҳамроҳи ман биё, баъд фикр мекунем, ки чӣ бояд кард.

Акнун ман ба ғуломи ин зани сиёҳчеҳраи мардакфеъл табдил ёфтам, ду фарзанди девонаавзояш рӯзи дароз дар кӯча гадоӣ мекарданд. Тамоми кору бори ҳуҷраяки бадбӯи хобгоҳияш ба дӯши ман буд, ин бас набуд, ки ӯ маро ба вартаи ифлосу бетаги фоҳишагӣ тела дод. Ӯ ҳар шаб як мард ёфта меоварду намедонам аз онҳо чанд пул мегирифт ва чанд соат ҳуҷраашро дар ихтиёри мо мегузошт. Фарқияти Сабзагул, аз хоҷаҳои дигарам- модарандару хушдоманам дар он буд, ки ӯ барои ман сару либос мехарид ва гоҳе ба дастам пул ҳам медод, шикамам ҳамеша сер буд. Аммо дар чор моҳи ба фоҳишагии маҷбурӣ машғул шуданам, ҳамеша падарамро хоб медидам, ки зарбу сиёсатам мекард. Як шом Сабзагул як марди бадмастро аз куҷое овард, ки ӯ баъди ҳамхобагӣ кордеро аз ҷайбаш гирифта, ба гулӯям монд ва ман он шаб як бало карда, як борониямро, ки дар ҷайби он паспорту каме маблағ доштам, гирифтаму аз он хоначаи бадбӯ фирор кардам. Тобистон буд, намедонам чӣ қадар роҳ гаштам ва дидам, ки назди як боғ расидам, худамро ба он боғ задам ва зери дарахте рӯйи сабзаҳо дароз кашидам, субҳ аз садои хишир-хишири ҷорӯбзании духтараке бедор шудам..

                             Духтараки қурутфурӯш

Бедор шудам, ки духтараки лоғаре гирду атрофро мерӯфт, ман хеста болои харак нишастам. Духтарак омада, дар наздам нишаста гуфт:

-Апа, шумо ин қадар зани хушрӯй, хушқаду қомат, мусулмон, наход арақ нӯшед а?!

Ман чашмони аз зарби гиряи шабона варамамро молида-молида, дуруст ба чеҳраи насиҳатгарам нигаристам. Ӯ сип-сиёҳи безебак ва як чашмаш аз чашми дигараш хеле калон буд, дар як дасташ ду ангушт дошту дар дасти дигараш сето…. “Ман арақ нанӯшидаам” гуфтаму гӯё ягон хеши наздикамро ёфта бошам, духтаракро ба оғӯш гирифта, зор-зор гиристам, зеро авалин бор дар чанд соли охир дар чашмони ӯ меҳру муҳаббату дилсӯзиро нисбати худ эҳсос кардам. Он рӯз то бегоҳ ба корҳои Шукрона, ки болои шолчаяке чанд дона қурут, донаи офтобпараст монда мефурӯхту тозагии атрофро низ назорат мекард, ёрдам кардам. Ба ӯ саргузаштамро нақл намудам, Гулдона шонздаҳ сол дошт, аз рӯйи гуфти худаш дар кӯча бузург шуда буд ва дар як муддати кӯтоҳ бо ҳам унс гирифтем. Гулдона он шаб маро ба хонаашон бурд, хонаашон дар як гӯшаи шаҳр воқеъ буда, аз ду кӯлбаяки нимвайронаву як ошхона иборат буд. Модараш фалаҷ болои бистар мехобид, акааш кӯҳнадӯз буду берун аз дарвозаашон як мизро монда, он ҷо кӯҳнадӯзӣ мекард. Пештар аз рӯйи нақли Шукрона фаҳмида будам, ки акааш Қудрат низ маъюб асту як пояш аз пойи дигараш кӯтоҳ. Падари онҳо ронандаи мошини боркаш будаасту дар садамаи автомобилӣ ба ҳалокат мерасад, модараш дар як сехи қаннодӣ кор карда, фарзандонашро ба воя мерасонад, аммо се сол пеш аввал пойҳояшу баъд як дасташ аз кор мемонанд. Модари Гулдона бо дидани ман норизоӣ кард, ки “ту инро куҷо овардӣ, кӣ медонад, дузд аст ё ғар?! Ахир ин дилсӯзият саратро мехӯрад”, аммо Гулдона ӯро ором кард, ки “як ду рӯз истад, меравад”…

                                   Зиндагии нав

Рӯзи дигар Гулдона гуфт, “ту дар хона бош, ин ҷо касе намеёбадат, ман кор меравам. Як ду рӯз дам гир, он тарафашро мебинам”. Бародараш хомӯш ба мо менигарист ва аз ҷояш хеста, асбобу анҷоми кӯҳнадӯзияшро гирифта, берун баромад. Модари Гулдона хоб буд…

Пас аз рафтани Гулдона дидам, ки саҳни ҳавлича ифлосу як порча замини назди ҳавлии он дар алафи бегона ғарқ аст. Корро аз замин оғоз кардам, дар ду соат заминро хишова кардам, он ҷо дар палчаҳои алоҳида гашничу райҳону чанд ниҳоли қаланфури булғорӣ шинонда шуда буд. Саҳни ҳавлӣ ранги дигар гирифт, алафҳои бегонаро дар як гӯшаи ҳавлӣ ҷамъ намуда, ҳавлиро руфтанӣ будам, ки модари Гулдона аз хоб бедор шуда, писарашро ҷеғ зад. Назди хола даромадам, ӯ маро песонида гуфт, ки писарашро ҷеғ занам, аммо ман гуфтам, ки “ягон кор бошад, ба ман фармоед”. Кампир бо ёрии ман қазои ҳоҷат карду пас аз тоза кардани ҳавои хона субҳонаашро, ки аз як коса ширу каме нон иборат буд, хӯрд. Ӯ маро низ наздаш шинонида гуфт:

- Ана дар он ҷевон набот дорам, биёр чой кун, ба пиёлаи худат ҳам андоз, якҷоя мехӯрем.

Бо кампир якҷоя чой нӯшидему ӯ тагу тушаи маро пурсид, чун саргузаштамро нақлаш кардам, гуфт:

-Канӣ бо ҳамин Қуръон қасам хӯр, ки рост мегӯйи…

Ҳамин вақт ба ёдам зад, ки тану ҷонам ҳаром аст, аз ин рӯ, ба китоби муқаддасе, ки кампир аз зери болинаш бароварда буд, нанигариста қасам хӯрдам…

Давом дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД