Қадршиносии марди ҳунар
04.06.2025
Фирӯза
176

 

Дирӯз дар Театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ба ифтихори 90 солагии солгарди умр ва 65-солагии фаъолияти эҷодии Ходими Шоистаи Санъати Тоҷикистон, актёр, режессёр, драмматург, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов маҳфили зебои ҳунарӣ баргузор гашт.

Шаби эҷодии Тӯрахон Аҳмадхонов бо намоишномаи нав бо номи “Меҳргиёҳ” оғоз ёфт, ки ба қалами ин эҷодкори асил тааллуқ дошта, онро Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Марям Исоева, ки ҳамсабқи соҳибҷашн мебошад, ҳамчун коргардон ба саҳна гузоштааст.

Пас аз анҷоми ин намоишномаи сеҳрнок, ки дар асоси афсонаву ривоятҳои қадимӣ сохта шудааст, ҳунармандони ҷавони театр устоди азизашон Тӯрахон Аҳмадхоновро зери мавҷи кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинони сершумор ба саҳна хонда, рӯйи тахт нишонданд.

Садри маҳфил, ҳунарманди маҳбуби тоҷик Ортиқи Қодир бо лафзи басо ширин аз ҳазлҳои намакин ва шеърҳои бо услуби парешонизм навиштаи Тӯрахон Аҳмадхонов ёд карда, дар бораи нақшҳои дар саҳнаи театр ва кино офаридаи ин ҳунарманди хушзавқ ва хислатҳои наҷиби инсониаш сухан ронд.

Пас аз ин Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Директори Киностудияи “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафар ва дигар чеҳраҳои намоёни фарҳангу ҳунари кишвар ба сухан баромада, соҳибҷашнро табрику муборакбод гуфтанд ва ба Тӯрахон Аҳмдахонов умри дарози пурбаракат орзу намуданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД