arzon replenishment
ҚАДРИ САРТАРОШИ МОҲИР ДАР РУСИЯ АЗ АРОБАКАШИ ДИПЛОМДОР БАЛАНДТАР АСТ!
2673

 

Солҳои охир шумораи донишгоҳу донишкадаҳо дар ҷумҳуриамон якбора рӯ ба афзоиш ниҳода, дар як муддати кӯтоҳ дар самти гирифтани маълумоти олӣ мо бо кишварҳои мутараққӣ ҳамқадам гаштем ва ҳатто аз баъзе давлатҳои абарқудрат пеш гузаштем.

Имрӯз на танҳо пойтахт ва маркази вилоятҳо, балки ҳатто шаҳраку ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон соҳиби донишгоҳ ва донишкадаҳои худ ҳастанд. Албатта соҳиби илму дониш гаштани халқ, хоса насли ҷавон падидаи хуб аст, вале агар ба ин масъала жарфтар бингарем, дарк кардан душвор нест, ки илмомӯзӣ дар кишвари мо торафт бештар характери тиҷоратӣ гирифта истодааст.  

Тиҷорат як ҷузъи асосии иқтисодиёт аст. Пас, биёед ба ин масъала аз назари иқтисодӣ дида медӯзем. Аз рӯйи қонунҳои иқтисодиёт мол бояд мувофиқи талаботи бозор истеҳсол карда шавад. Магар моле, ки имрӯз донишгоҳу донишкадаҳои мо ба бозори меҳнат мебароранд, талабот дорад? Ман дар бораи сатҳи саводнокии донишҷӯён баҳс карданӣ нестам, зеро ин мавзӯи алоҳида аст. Биёед, имрӯз сари як масъалаи одӣ андеша мекунем: чанд фисади донишҷӯёни тоҷик баъди гирифтани диплом аз рӯйи ихтисосашон кор меёбанд? Ҷавоби ин савол ба ҳама фаҳмост!

Барои соҳиби диплом гаштани як ҷавон аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ ва шояд аз ин ҳам бештар пул сарф мешавад ва ин танҳо маблағи таҳсил аст. Ба ғайр аз ин, донишҷӯ бояд хӯрад, пӯшад, роҳкиро кунад, китобу дафтар харад ва боз даҳҳо хароҷотҳои дигар, ки ҳамаи ин аз ҳисоби падару модари бечора аст. Дар маҷмӯъ, барои соҳиби диплом гаштани як ҷавон ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағ сарф мешавад. Баъзе волидон худашон як умр калӯш пӯшидаю рӯйи гӯштро моҳҳо надида ва ба кӯдаконашон нони серӣ надода, пулашонро тин ба тин ҷамъ мекунанд ва ҳатто аз бонкҳо қарз гирифта, фарзандонашонро ба донишгоҳ ё донишкада дохил мекунонанд, бо умеди он ки фардо писар ё духтарашон одами бо обрӯ ва соҳиби ному нон мешавад, вале баъди гирифтани диплом мутахассиси ҷавон солҳо дар ба дари корхонаҳо кор кофта мегардад. Дар ҳама идораҳо ҷавони ба тозагӣ аз пушти курсии донишҷӯи бархоста як ҷавобро мешунавад: барои ба кор қабул шудан шумо бояд камаш се сол собиқаи корӣ дошта бошед! Вақте ки касе ба ӯ шанси омӯхтани таҷрибаро намедиҳад, мутахассиси ҷавон аз куҷо таҷриба ҳосил кунад?!

Аксари ҷавонони дипломдори тоҷик аз ноилоҷӣ ба Русия ва дигар кишварҳо мардикорӣ рафта, аробакаш мешаванд ё ягони кори сиёҳи дигар меёбанд. Пас, оё беҳтар нест, ки ба ҷойи ин қадар маблағи калон сарф кардану 4-5 соли умри худро беҳуда гузаронидан ҷавонони мо касбу ҳунар омӯхта, харрот, дуредгар, кафшергар, ошпаз, ронандаи автобус, метро, поезд ё мошинҳои боркаш шаванд?!

Беҳтар мебуд, ки ба ҷойи ин қадар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ шумораи омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзиро дар ҷумҳурӣ афзун намоем, зеро омӯзиши касбу ҳунар маблағи ҳангуфт ва вақти зиёд намехоҳад. Дар як муддати кӯтоҳ нозукиҳои касбҳои рӯзмарра ва заруриро омӯхта, ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар ба осонӣ кор ёфта метавонанд, зеро новобаста ба пешавии замона челонгару дуредгару кафшергару ронандаҳо дар ҳама ҷо лозиманд. Бовар кунед, ҳатто қадри сартароши моҳир дар Русия аз аробакаши дипломдор баландтар аст!

Фирӯза Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД