Хона-музейи шоири маъруфи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар боғи ҳамноммаш дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Тибқи анъанаҳои миллӣ ҳавлии шоир бо сарҳавз ва дарахтони сояафкани сиёҳбед, чорбоғ бо дарахтони зардолу, шафтолу, бодом, гелос, анор ва токҳои ангури ҳусайнӣ, тагобӣ, чарас, бедона, дили кафтар бунёд гаштааст.
Санъати кандакорӣ, наққошӣ ва меъморӣ ҳунари волои ниёгон буда, он имрӯз идома дорад ва дар хонаҳои ҳавлии Камоли Хуҷандӣ таҷассум ёфта, бинандаро бо санъати қадимаи хонасозии тоҷикон ошно месозад. Тибқи анъана ҳавлӣ ба ду қисм тақсим мешавад: аввал ҳавлии беруна, қисми мардона, ки аз меҳмонхонаи зимистонаю тобистона, хонақоҳ, ё худ дарсгоҳ иборат мебошад.
Чун шахс ба дарвоза наздик мешавад аз рӯи таомули тоҷикон ҳалқа бар дар мезанад. Агар меҳмон мард бошад, даст ба занҷири дарозрӯя бурда садо медиҳад. Агар мардина дар ҳавлӣ набошад, соҳиби ҳавлӣ, бо садои занҷир ҷавоб медиҳад ё мардина нест мегӯяд. Агар дар ҳавлӣ мардина набошад даромадани марди бегона манъ буд. Агар меҳмон зан бошад, ҳалқаи доирашаклро мекӯбад. Меҳмон чун ба ҳавлӣ ворид мешавад, даст шуста, ба меҳмонхона медарояд. Утоқи воридотии меҳмонхона, ки ба сифати пойгаҳ хидмат менамуд, «даҳлез» ном дошт. Дар даҳлез обрез ва оташдон бо дудкаш – «мӯрӣ» вуҷуд дорад, ки вурудгоҳи хонаи калонро ифода менамояд.
Дигар намуди санъат, ки дар инҷо истифода шудааст, санъати гаҷкорӣ аст. Дар меҳмонхона гаҷкорӣ дар тоқчаҳо, таҳмону таҳмонча, гирди мӯрӣ дида мешавад. Миниатурнигорон дар асрҳои миёна ҳатто мавҷи дарёро дар нусхаи нақшии гаҷ мекарданд, ки инро мо дар меҳмонхонаи баҳоронаи хонаи Камол дида метавонем. Дар ин меҳмонхона ҳамаи намудҳои санъат, ки дар асри ХIV-ХV маъмул буд, наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, гиреҳбандӣ ба таври имрӯза ба назар мерасад.
Ҷиҳози асосии хона қолинҳо-гилемҳо, болинҳо ва кӯрпачаҳо маҳсуб меёбанд. Чун одат дар баъзе хонаҳои мардуми тоҷик асбобҳои мусиқӣ ба монанди: танбӯр, най, доира, ғиҷҷак нигоҳ дошта мешуданд, ки дар вақти истироҳату фароғат истифода мебурданд. Дар хонаи Камоли Хуҷандӣ ҳам ин асбобҳо ҳастанд.
Меҳмонхона бо токчаҳо ва таҳмон барои гузоштани сандуқ, кӯрпаю кӯрпачаҳо ва ашёҳои рӯзгор ба мисли косаҳо, табақҳо, обдастаю офтобаҳои гилину мисин оро дода шудааст. Дар ҳамаи хонаҳо гилемҳои дастибофт густурда шудаанд.
Ҳавлии дарун барои аҳли хонавода, занҳо ва бачагон таъин шудааст. Он аз хонаҳои истиқоматии меҳмонхона-шабистон, коргоҳ, анборхона, айвони баҳору тирамоҳнишин иборат мебошад.
Меҳмонхона дар қисмати дарун ҷойгир шуда, аз ду қисм, хобгоҳ ва ҷои истироҳатӣ иборат аст. Бештар дар қисмати истироҳатӣ занон ва духтарон ба кашидадӯзӣ, мутолиаи китоб, мушоира ва навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мешуданд. Ин хона низ даҳлез дошта, дар он обрез, оташдон бо мӯрӣ вуҷуд дорад. Токчаҳо бо асбобҳои рӯзгор ба мисли косаҳо, табақҳо, обдастаю офтобаҳои гилину мисин оро ёфтаанд.
Аз рӯи таомул ба ҳавлии дарун даромадани мардина, ҳатто писарбачагони аз 13 сола боло мамнӯъ буд. Дар ин қисмат занон ба тарбияи фарзанд машғул буданд, дӯзандагӣ ва адрасбофӣ мекарданд. Дар ин ҳавлӣ ҳамчун ҳунари меросӣ адрасбофӣ роиҷ буд. Бо дастгоҳи адрасбофӣ матоъҳои хушсифати беқасаб, адрас, подшоҳӣ, алоча бофта мешуданд.
Ҳуҷраҳои таъиноташ махсус ба монанди «ошхона», «танӯрхона», «ҳезумхона» дар ҳавлӣ вуҷуд доранд. Дар ошхона, ҷое, ки занҳо хӯрок мепазанд, тамоми ашёҳои зарурии рӯзгор мавҷуданд. Дар назди он айвон ва кати нишасти кандакоришуда ҷой дода шудааст. Рӯи кат бо гилеми дастибофт ва курпачаҳои адрасу лулаболиштҳо густурда шуда, дар фасли тобистон ҷои нишасти аҳли хонавода ба ҳисоб меравад.
Дар қафои ҳавлӣ шипанг ва чорбоғ бо дарахтони зардолу, ангур, анор, бодом, ки ба муҳити шаҳри Хуҷанд мутобиқ мебошад, бунёд гаштааст.
Ин маҷмаа ифтихори Хуҷанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои маданиву саноатии Тоҷикистони шимолӣ ба шумор меравад. Бо тарҳу намуди нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи Камоли Хуҷандӣ ва ба яке аз мавзеъҳои илмиву адабӣ табдил дода шудани он барои санъаткорон, шоирону нависандагон, аҳли қаламу сухан ва кулли сокинони кишвар армуғони арзанда мебошад.