Қабули ҳуҷҷатҳо барои Стипендияи «Дурахшандагон» оғоз ёфтааст. Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои дарёфти ин стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2026 идома меёбад.
Ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» қабул карда мешаванд. Имсол барои таҳсил дар хориҷи кишвар зиёда аз 10 ҳазор стипендия ва бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо шудааст.
Ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар тамоми зинаҳо - бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ қабул карда мешаванд.
Ғолибони Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» суғуртаи тиббӣ, роҳкиро, маблағи хобгоҳ, маблағи таҳсил ва ҳамзамон ҳар моҳ 500 доллари амрикоӣ стипендия мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар соли таҳсили 2025-2026-ум 79 нафар барои таҳсил ба 6 кишвари хориҷӣ фиристода шуданд.