Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз гардида, то охири моҳи апрели соли 2026 идома меёбад.
Тибқи барнома, довталабон метавонанд ба тамоми зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ ҳуҷҷат супоранд.
Хоҳишмандон барои иштирок метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ соли 2009 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ рушд додани нерӯи инсонӣ, баланд бардоштани савияи донишу маҳорати ҷавонон ва пешрафту ояндаи босуботи Тоҷикистон мебошад.
Аз соли фаъолият то имрӯз марказ зиёда аз 117 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил ба 42 давлати ҷаҳон равон намудааст. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкорию навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.