Commerce bank may-june 2026
Қабули дархостҳо барои омӯзиши ройгони IT ва технологияҳои навин оғоз шуд
74

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе қабули дархостҳо ба “Мактаби асри ХХI” оғоз ёфт, ки имкони хубест барои омӯзиши IT ва технологияҳои навин.

“Мактаби асри ХХI” лоиҳаи ройгони таълимӣ буда, бо мақсади омода намудани мутахассисон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ роҳандозӣ шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Хадамоти алоқа ва Агентии инноватсия ва технологияҳои навини назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синну солашон аз 18-сола болост, новобаста аз сатҳи таҳсилот, таҷрибаи корӣ ё дониш дар соҳаи барномасозӣ метавонанд дар раванди интихоб ба “Мактаби асри ХХI” ширкат варзанд. Дар сурати бомуваффақият гузаштан аз марҳилаи интихобӣ иштирокчиён имконияти омӯзишро дар беш аз 20 самти технологияҳои иттилоотӣ-IT пайдо мекунанд.

Ҳадафи асосии лоиҳа омодасозии мутахассисони ин соҳаи ҳаётан муҳим ва мусоидат намудан ба рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД