Пӯшида нест, ки имрӯз ютуби тоҷикӣ аз ҷиҳати фарҳанг ва одоб хеле коста шудааст. Ин порталро ҳамчун манбаи паҳнкунандаи наворҳои шаҳватангез ва суҳбатҳои аз доираи обод берун истифода мебаранд ва бо ин роҳ мехоҳанд обуначиёни худро зиёд намоянд.
Вазоарти корҳои дохилии кишвар аз дастгир кардани яке аз бону-блогерони тоҷик хабар додааст.Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бустон буда, бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез машғул аст.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии чунин наворҳои ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Қурбонова Ф.А. ба ҷазои маъмурӣ ҷалб карда шуда, ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд.
Аз шаҳрвандон, алалхусус блогерон хоҳиш карда мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи ибораҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд.