Аброр Назаров, овозхон ва оҳангсози 37-солаи тоҷик, ба бемории сироятии COVID-19 гирифтор шудааст.
Дар ин бора худи овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дода, дӯстону мухлисонашро ба эҳтиёткорӣ даъват кардааст. “Коронавирус ба монанди дӯзах аст. Дӯстони азиз, худро эҳтиёт кунед”,-навиштааст Аброр Назаров. Феълан вазъи саломатии овозхон мӯътадил арзёбӣ карда мешавад, вале маълум нест, ки дар шароити хона табобат мегирад ё дар бемористон.
Бемории Аброр Назаров дар ҳолест, ки ҳанӯз аввали моҳи июли соли равон расонаҳо дар бораи ба бемории COVID-19 мубтало шудани падари овозхон Далер Назаров хабар дода буданд. Эҳтимол, Аброр ба ин бемории ҳамагир аз падараш сироят ёфта бошад, зеро Далер Назарови 61-сола на дар беморхона, балки дар хонаи яке аз писаронаш дар шаҳри Душанбе табобат мегирифт. Назарови калонӣ баъди як силсила сафарҳояш ба вилоятҳои Суғду Бадахшон ба ин беморӣ гирифтор шуда буд. Маврид ба зикр аст, ки феълан вазъи коронавирус дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ карда мешавад. Ҳоло ба мардум се навъи ваксина, “AstraZeneca”-и ҳиндӣ, “Moderna”-и амрикоӣ ва “CoronаVac”-и чинӣ пешниҳод шудааст, ки ҳама афроди аз 18-сола боло барои пешгирӣ аз ин беморӣ бояд ба таври ҳатмӣ ваксина гиранд.