Arzon march 2024
Абрӯ ҳам витамин мехоҳад?
17.06.2023
ОИЛА
510

Аксари бонувони тоҷик дар орзуи абрӯи ғафс ҳастанд, чунки тоҷиконро пеш аз ҳама бо абрӯвони зебояшон аз дигар миллатҳо фарқ мекунанд. Албатта Худованд ба ҳар кас абрӯвони ғафсу зеборо насиб мегардонад. Оё абрӯвони тунуку борикро ғафс карда мешавад?

 

Абрӯро бо истифодаи маҳлулҳои косметикӣ ба шарте ғафс кардан мумкин аст, ки инсон ягон беморӣ надошта бошад. Дар сурати вуҷуд доштани бемориҳо ҳама гуна амалиёти косметикӣ бе фоида аст. Модарзод абрӯвонатон тунук бошанд, ба тақдир тан дода, беҳуда худро азият дода, харҷу хароҷот накунед ва ба кошонаи ҳусн надавед. Абрӯвони модарзод тунукро бо ягон роҳ ғафс карда намешавад.
Абрӯвонатон рехтанд?

Шумо абрӯвони ғафсу зебо доштед, вале бо мурури замон абрӯвонатон рехта, хеле тунук шуданд? Озурда набошед, мо чанд роҳи ғафс кардани абрӯро ба шумо нишон медиҳем.

Абрӯ ба мисли мӯйи сар ниёз ба шонакунӣ дорад. Абрӯвонро чаппа, яъне муқобили самти афзоиши тораҳои мӯйи абрӯ шона занед. Ин амал гардиши хунро ба решаҳои абрӯвони шумо метезонад ва суръати афзоиши абрӯвонатон беҳтар мегардад.

Бо нӯги ангуштон қад-қади саршавии абрӯвон зер карда, абрӯвони худро бо ҳаракатҳои ларзишовар маҳси сабук кунед. Маҳс аз миёнаи бинӣ ба ду чакаи сар гузаронида мешавад. Ин амалро 2-3 маротиба такрор намоед. Маҳс на танҳо ҷараёни афзоиши абрӯро метезонад, балки дарди сар ва хастагии чашмро низ рафъ месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД