Arzon march 2024
Ҳабибаро 21600 сомонӣ ҷаримаю Баракатро 15 рӯз ҳабс карданд
402

Дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дағалтарин қоидавайронкунӣ ба шумор меравад. Чунин ронанда дидаву дониста ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузорад.

Аз ҷониби кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ мошини тамғаи «Ренҷ ровер», рақамҳои қайди давлатиаш 5328МН01 боздошт карда шуд. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Бозорова Ҳабиба тааллуқ дошта, номбурда дидаву дониста идораи воситаи нақлиётро ба шаҳрванд Баракати Салим вогузор намудааст, ки ҳар ду дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Нисбати Бозорова Ҳабиба ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21 600 сомонӣ ва нисбати Баракати Салим ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД