Formula novemver 2024
Абдурозиқ соҳиби тугмаи тиллоӣ шуд!
740


Абдурозиқ-блогери машҳури тоҷик, ки муддати як сол боз дар Аморати Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекунад, соҳиби тугмаи тиллоӣ шудааст. Ҷоизаи тугмаи тиллоӣ-YouTube Creator Awards-ро Ютуб махсус ба саҳифаҳои машҳур медиҳад.

Ин ҷавони қадпасти тоҷик, ки бо кӯмаки блогери машҳур Барон муаррифи шуда буд, дар муддати кӯтоҳ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси ҷаҳон машҳур гашта, тавассути ҳунару маҳорати волояш дар дилу дидаи садҳо ҳазор одамон маъво гирифт ва шӯҳраи олам гашт. Беш аз як сол аст, ки Абдурозиқ дар хориҷи кишвар кору фаъолият менамояд ва ҳамакнун ҳамнишини бузургтарин ситораҳои ҷаҳон гаштаву тез-тез наворҳои хеле ҷолибро нашр менамояд. Саҳифаи Абдурозиқ дар Ютуб, ки моҳи майи соли 2022 сабти ном шуда буд, дар муддати камтар аз як сол беш аз 1 миллион обуначӣ пайдо намуд. Ин саҳифа ҳамагӣ 79 видео дошта, асосан аз будубоши ин ҷавони соҳибҳунари тоҷик дар Имороти Муттаҳидаи Араб нақл мекунад ва дар он клипҳояш низ нашр мешаванд. Таваҷҷӯҳи зиёди корбарони интернет ба саҳифаи ин блогери тоҷик боис гашт, ки Абдурозиқ соҳиби тугмаи тиллоӣ гардад.

Абдурозиқ дар дигар шабакаҳо низ хеле фаъол аст ва бо нашри чанд акс дар Инстаграм ба обуначиёни саҳифааш барои қадрдонияшон арзи сопос намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД