arzon replenishment
Абдурозиқ бо суруди наваш мардуми ҳиндро ҷоду кард
1009


Овозхон, шоумен ва блогери ҷавону машҳури тоҷик Абдурозиқ, ки қариб як сол боз дар шаҳри Дубай зиндагӣ мекунад ва бо ситораҳои Болливуд низ муносибати дӯстона пайдо кардааст, баъди танаффуси тӯлонӣ як таронаи навашро манзури мухлисони созу тарона гардонд.

Суруди нави ин сарояндаи майдаҷуссаи тоҷикро дар Ютуб дар бадали се рӯз зиёда аз 300 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ин тарона махсусан ба мардуми ҳинду писанд омадааст, зеро Абдурозиқ онро о забони ҳиндӣ сурудааст.
Тарона “Chota Bhaijaan” унвон дошта, аз ҳиндӣ ҳамчун “Додарҷон” тарҷума мешавад. Абдурозиқ ин сурудро дар пайравӣ ба оҳангҳои хоси филмҳои ишқии ҳиндӣ сурудааст, ки замоне дар Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле шуҳратёр буданд. Овозхони тоҷик ба ситораҳои Ҳиндустон тақлид намуда, дар клип ҷомаю либоси қаҳрамонҳои машҳури филмҳои ҳиндиро ба бар кардааст.

Суруд рӯзи 8 октябр дар канали Абдурозиқ дар Ютуб нашр шуда буд ва ҳамагӣ дар байни 3 рӯз онро зиёда аз 300 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Аз шарҳҳои зери клип дида мешавад, ки аксари мухлисони таронаи нави Абдурозиқ аҳли Ҳинд ҳастанд ва мардуми ин сарзамин таронаи ҳиндии овозхони тоҷикро хеле хуш пазируфтаанд, аммо...

Дар шарҳҳои зери клипи тарона “Додарҷон” шарҳҳо ба забони тоҷикӣ аз тамошобинони тоҷик қариб дида намешаванд, ки ин хеле ҳайратовар аст, зеро маъмулан мардуми тоҷик таронаҳои ҳиндии овозхонҳои тоҷикро хеле дӯст медоранд.
Ёдрас мешавем, ки Абдурозиқ, овозхон ва шоумени ҷавони тоҷик зодаи Панҷакенти бостонӣ буда, 19 сола аст ва 1 метр қаду ҳамагӣ 18 кило вазн дорад. Абдурзиқро ҳамчун ҳунармнад блогери шинохтаи тоҷик Барон кашф намуда аз Панҷакент ба шаҳри Душанбе овард. Аввалҳо муносибати Абдурозиқ бо Барон хеле гарму самимона буд ва ҳамдигарро бародар мехонданд, вале баъди он ки Абдурозиқ ба шоу-бизнеси ҷаҳонӣ роҳ ёфта, ба шаҳри Дубай рафт, байнашон моҷаро сар зада, аз ҳам ҷудо шуданд.
Қариб як сол боз Абдурозиқ гоҳ дар Дубай ва гоҳ дар Ҳиндустон кору зиндагӣ мекунад ва таронаи навашро низ дар хориҷа сабт намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД