Sebiston new 2024 october
Абдураҳим Бурак Оздемирро қоил кард?
06.06.2024
РУСТАМ
963

Абдураҳим Джон (Дадоҷонов) санаи 25-уми октябри соли 2000 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Феълан наттоқ, ровӣ ва шоумени ҷавону шинохта аст, ки ҳамарӯза базму хурсандиҳои мардумро обод мегардонад. Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо ин ҷавони сухандону муваффақ суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

- Абдураҳим, чаро маҳз пешаи наттоқиву ровигиро интихоб кардед?

- Ровигӣ касби авлодии мо ба шумор меравад, ман расман насли 8-ум мебошам, ки анъанаи аҷдодиро идома дода истодаам. Бобокалонам Мӯсоев Мадисо, яке аз забоншиносони варзидаи тоҷик буданд, Маҳмуди Воҳид шогирди бобокалонам, тағоҳоям ва бародаронам дар ин ҷода устухони худро сахт кардаанд.

- Ҳоло расман дар куҷо кору фаъолият мекунед?

- Феълан садо ва симои расмии Бонки Душанбе Сити мебошам.

- Дар маҳфилу ҳар гуна чорабиниҳо шуморо ба ҳайси баранда хеле зиёд мебинем. Ин маъракаҳо ба шумо чӣ медиҳанд?

- Ҳар як маърака хусусияти хоси худро дорад. Ҳамеша кӯшиш мекунам иштирокчиёни маъракаро хушҳол намоям, хурсандии онҳоро дида, худро хушбахт ҳис мекунам. То имрӯз дар беш аз 1000 маъракаву маҳфилҳо иштирок кардаам.

- Аз чандсолагӣ ба ин касб таваҷҷуҳ намудед?

- Ҳанӯз дар боғча, баъдан дар мактаб, дар чорабиниҳои ноҳиявиву вилоятиву ҷумҳуриявӣ баранда будам.

- Як ҷавони қоматбаланди зебо, айни ҳол номзади худро дорад?

- Не, ҳоло дар фикри фаъолияту касбиву рушди ҳунарам ҳастам.

- Мегӯянд, ки духтаре аз ишқи шумо ба бемории руҳӣ гирифтор шудааст?

- Аз давраҳои мактабӣ ва то имрӯз ҳастанд духтароне, ки мехоҳанд бо ман издивоҷ кунанд, бо ман бошанд. Хушбахтона, ягон нафарашон касалии руҳӣ нашудаанд. Духтарони зиёде аз ман ранҷиданд, мутаассифона маро ба ҳама тақсим карда намешавад...

- Чаро бо забони модарии худ кам баромад мекунед?

- Сабаби асосӣ аксари телевизиону радиоҳои пойтахт мебошад. Мехостам дар ин идораҳо фаъолият барам, лекин баъди суҳбат бо ман ошкоро мегуфтанд: "Ту лаҳҷаи суғдӣ дорӣ". Ин посух сахт дилшикастаам кард. Баъди ин, тасмим гирифтам, дигар роҳро пеш гирам барои муваффақ шудан ва забони русиро интихоб кардам. Феълан ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо русӣ суханварӣ мекунам.

- Волидайнатон аз интихоби шумо розиянд?

- Албатта, онҳо аз роҳи пешгирифтаам қаноатманданд.

- Мегӯянд, ки машҳуртарин ошпази дунё Бурак ба Тоҷикистон меҳмон шуда, шуморо суроғ кардааст, рост аст?

- Моҳи марти соли ҷорӣ Бурак ба Тоҷикистон омад. Ҳамкорони мо аз ширкати продюссерии НеоКорт, дар доираи барномаи Хорека тасмим гирифтанд бо Бурак мусоҳиба гузаронанд. Ман низ бо гуруҳи корӣ он ҷо ба ҳайси ёвари муҳаррир иштирок доштам ва дар охири мусоҳиба бо Бурак аз наздик шинос шудам. Инсони хоксор будааст. Якчанд аксу наворҳои хотирмон сабт кардем.

- Дар ҷодаи санъат зиёд рақобату бадбинӣ, зиддияту душманӣ дида мешавад. Абдураҳим ҳам ба чунин ҳолатҳо дучор мешавад?

- Ин чиз дар ҳама соҳаҳо ҳаст. Бале, зиёд дучор мешавам. Хушбахтона, ман дар Тоҷикистон рақиб надорам, зеро тарзи ҳунарнамоии ман дигар аст.

- Аз машҳуртарин сарояндаҳои тоҷик, бо кӣ дӯстиву ҳамкорӣ доред?

- Хайриддини Шариф, Амирҷон Рӯзиев, оилаи Зариповҳо, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Муҳаммадрафии Кароматуллоҳ, Нозияи Кароматуллоҳ, Зулайхо Маҳмадшоева, Шабнами Сурайё ва ғайраҳо.

- Дар оянда чӣ нақша доред?

- Нақшаҳоро напурсед, дар ҳаёт бисёр ҳолатҳое буданд, ки оиди нақшаҳоям зиёд ҳарф задам, аммо натиҷа надоданд. Аз ин рӯ, дар амал худро нишон додан мехоҳам, на дар сухан!

- Кай нияти оиладор шуданро доред?

- Насиб бошад, модарам номзади хубе бароям пайдо карданд, он вақт ба ҳама хабар медиҳам.

- Ташаккури зиёд, барои суҳбати самимӣ.

- Зинда бошед, бароятон бахт мехоҳам!

Суҳбаторо: РУСТАМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД