goodwell
Абдуқодирзода ва дигар чеҳраҳо дар феҳристи 500 мусулмони бонуфуз
13.11.2026
оила.тч
142

Абдуқодирзода ва дигар чеҳраҳо дар феҳристи 500 мусулмони бонуфуз

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон барои соли 2027 шомил шудааст.

Тавре дар сомонаи нашрияи The Muslim 500 хабар дода мешавад, ин феҳрист аз ҷониби Маркази исломии тадқиқоти роҳбурдии Уммон таҳия ва нашр гардидааст. Абдуқодирзода ба бахши «Мудирияти умури динӣ» ворид шудааст.
Дар байни кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон мавқеи баландтаринро Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, касб кардааст. Ӯ дар зинаи 40-ум қарор гирифта, бори аввал ба 50-гонаи аввали феҳрист шомил шудааст. Ҳайбатулло Охунзода, раҳбари «Толибон» дар Афғонистон, дар ҷойи 43-юм қарор дорад.

Ҳамчунин, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон ва Ҳабиб Нурмагамедов, размикори доғистонӣ, ба ин рӯйхат дохил шудаанд.

Бори аввал дар таърихи нашри ин феҳрист панҷ нафар мақоми аввалро ба таври муштарак соҳиб шудаанд. Ба ин рӯйхат Салмон бин Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, Осим Мунир, раиси артиши Покистон ва Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, шомиланд.
Пас аз онҳо Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари нави Эрон, қарор гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД