Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар,
Ғарибонро накӯ дору маёзор.
Камоли Хӯҷандӣ
Даргириву кашмакашиҳои сиёсӣ, алангаи оташи ҷанг дар бархе аз кишварҳои олам, таъқиб, таҳдид, зӯроварӣ ва дигар хатарҳои ҷонӣ одамонро маҷбур месозад, ки тарки Ватан, тарки ёру диёр, тарки хонаву дар намуда, рӯ ба мамолики нисбатан амну осоишта оваранд. Маъмулан ин тоифа афродро гурезаҳо ё паноҳандагон меноманд. Дар кишвари мо низ теъдоде аз муҳоҷирони иҷборӣ ё ба ибораи дигар бигӯем, паноҳандагон аз Афғонистон, Эрон, Ирок, Сурия ва мамолики дигар умр ба сар мебаранд. Ба хотири ошно гаштан бо ҳаёти гурезагон дар Тоҷикистон мо бо Абдулмусаввир Баҳодурӣ, Раиси Маҷмааи “Ориёно”-намояндагии муҳоҷирини афғони муқими Тоҷикистон сӯҳбати ҷолибе оростем.
Инак, фишурдаи он муҳовара манзури муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ мегардад.
-Сароғоз мафҳуми “Гуреза”-ро шарҳ медодед...
-Маъмулан афрдеро, ки бо сабаби даргириҳо ва ҷангу ҷидол дар кишварашон ё ба хотири нажод, ақидаҳои динию мазҳабӣ, ақоиди сиёсӣ ва ё масоили дигар аз ҷониби ин ё он ташкилот ва ё шахсони алоҳида зери таъқиб, таҳдид ва фишор қарор гирифтаанду аз тарси ҷон тарки марзу буми худ намуда, дар кишвари дигар паноҳ меҷӯянд, гуреза меноманд. Гурезаҳо дар кадом кишваре, ки зиндагӣ ихтиёр мекунанд,бояд қонунҳои он кишварро эҳтиром ва риоя намоянд.
-Гурезаҳо вақте ба Тоҷикистон меоянд, бояд ба кадом ташкилот муроҷиат намояд?
Аксари гурезаҳое, ки рӯ ба Тоҷикистон меоранд, бо виза меоянд. Ду намуд виза ҳаст-корӣ ва сайёҳӣ. Вақте омаданд, бояд қабл аз ҳама ба Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо (РКОГ) ё Ташкилоти Ҷамъиятии “Инсон ва адолат” муроҷиат намуда, мушкилоти худро шарҳ диҳанд, то дақиқ шавад, ки ба ҳаёти ин шахс ва ё фомилаш (аҳли хонаводааш) чӣ хатаре таҳдид мекунад. Баъд аз ин, аз рӯйи харитаи махсус ҷойи зисти минбаъдаи онҳо муайян карда мешавад.
-Магар дар масъалаи макони зисти гурезаҳо маҳдудият вуҷуд дорад?
-Бале, гурезаҳо наметавонанд дар шаҳрҳои калон, дар минтақаҳое, ки нерӯгоҳи барқӣ вуҷуд дорад ва дар ноҳияҳои сарҳадӣ зиндагӣ кунанд. Аксари гурезаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, дар Вилояти Хатлон-дар Бохтар, Колхозобод, Кӯшониён ва дар Вилояти Суғд, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иқомат мекунанд. Аз ҳамин минтақаҳо дар кадом қисмате, ки зиндагӣ ихтиёр намоянд, бояд аз ҷойи зисташон маълумотнома ва забонхати соҳиби хонаро гирифта, ин ҳуҷҷатҳоро ҳамроҳи дархост аз ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва адолат”ба Шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони хадамоти шиносномавии Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон (ОГРБ) пешниҳод созанд. Аз ОГРБ ба онҳо дар шакли як корти сабз шаҳдатномаи муввақатӣ медиҳад, ки мӯҳлаташ се моҳ аст, вале баъдан боз се моҳи дигар тамдид, яъне дароз карда мешавад. Агар дар муддати шаш моҳ комиссия баргузор гашта, дар ҳақиқат ба паноҳгоҳ ниёз доштани ин шаҳрванди Афғонистон ё кишвари дигарро тасдиқ кунад, корти сурхи паноҳанда мегиранд, ки мӯҳлаташ як сол мебошад. Минбаъд он шахс метавонад ҳамчун паноҳанда бо ин корт бе малол зиндагӣ намояд.
-Гурезаҳо ё паноҳандагон чӣ ҳуқуқҳо доранд?
-Паноҳанда ҳуқуқаш мисли як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Метавонад бе ягон маҳдудият ба дилхоҳ донишкада ё донишгоҳи Тоҷикисон дохил шуда, таҳсил кунад, кор кунад, дар сурати бемор шудан аз хизмати тиббӣ истифода барад ва метавонад ба кишвари худ баргардад, агар чунин тасмим бигирад. Фарқият дар он аст, ки панҳандагон танҳо то соати 8-и шом ҳақ доранд, ки дар кӯча гашту гузор намоянд. Аз саҳар то бегоҳ ба куҷое, ки дилаш мехоҳад, хоҳ Хатлон бошад, хоҳ макони дигар метавонад равад, вале баъди соати 8-и шом паноҳанда бояд дар хонааш бишинад.
-Дар давраи пандемия гурезаҳо, аз ҷумла гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон чи рӯзу рӯзгоре доранд? Овозаҳое ба гӯш мерасанд, ки гӯё дар Тоҷикистон гурезаҳо бисёр зиндагии фақирона доранд ва дар ҳоли афтодагию мӯҳтоҷӣ умр ба сар мебаранд...
-Албатта, зиндагии гурезаҳоро дар Тоҷикистон бо Ғарб муқоиса карда намешавад, вале онҳо чандон фақир ва пеши по афтода ҳам нестанд. Қариб 70%-и гуразаҳои мо, ки дар шаҳри Ваҳдат умр ба сар мебаранд, зиндагии хуб доранд. Вазъияти иқтсодии баъзеашон ҳатто аз худи мардуми маҳаллӣ, яъне тоҷикон баландтар аст. Дар радифи ин, албатта хонаводаҳои камбизоат низ ҳастанд, аммо онҳо зери ҳимояи созмонҳои байналмиллалӣ қарор доранд. Ин тоифаи гурезагон, агар бемор шаванд, маблағи табобаташон аксаран аз ҷониби RCVC пардохт мешавад, ҳамчунин аз ташкилотҳои гуногуни хориҷӣ сару либос ва маводи ғизоӣ кӯмак мегиранд.
-Содиқона бигӯед, нисбати гурезаҳо табъиз вуҷуд дорад?
-Шахсан ман муддати 26-сол боз дар Тоҷикисон зиндагӣ мекунам. Дигар соҳаҳоро намедонам, вале бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки дар бахши маориф ва тандурустӣ нисбати гурезаҳо ва паноҳандагон аслан табъиз вуҷуд надорад. Як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ба дилхоҳ донишкада дохил шавад, як гуреза ҳам метавонад бидуни маҳдудият ба донишгоҳи дилхоҳи худ шомил гардад. Дар бемористон ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ низ гурезагон ҳамон маблағеро пардохт менамоянд, ки худи шаҳрвандони Тоҷикистон мепардозанд. Ту афғон ҳастӣ гӯён, пули иловагӣ намепурсанд, таҳқир намекунанд, бо сухани ноҷо ё рафтори дурушт гурезагонро ҳаргиз ранҷу озор намедиҳанд. Умуман, дар Тоҷикистон ба шахсияти паноҳандагон эҳтиром қоиланд. Ба ҳамин хотир мо аз давлат ва ҳукумати Тоҷикистон миннатдорем. Дар Тоҷикистон мо, афғонҳо ҳеҷ гоҳ худро бе Ватан эҳсос намекунем. Тинҷию оромии Тоҷикистон барои мо, мардуми афғон, ки аз курраи оташи ҷанг гузаштаем, беҳтарин неъмат аст.
-Коронавирус мисли аждар ҷони миллиoнҳо одамонро дар сар то сари сайёра рабуд. Дар байни гурезаҳо ва муҳоҷирини афғони муқими Тоҷикистон ҳам ҳолатҳои гирифторшавӣ ба КОВИД-19 ва марг бар асари ин бемории вогир ба қайд гирифта шудаанд?
-Бале, дар давраи пандемия 17 ҳолати фавти гурезаҳо аз ин маризӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксари касоне, ки аз ин беморӣ аз олам гузаштанд, аз 55 то 85 -сола буда, иллатҳои шуш, ҷигар, дил ё маризии қанд доштанд. Аслан собит нашуд, ки ин афрод ба коронавирус мубтало гаштаанд, аммо нишонаҳои КОВИД-19 дар онҳо вуҷуд дошт. Тобути бархе аз фавтидагонро ба Афғонистон фиристoдем, боқимондаҳоро дар Тоҷикистон, дар орoмгоҳи Теппаи Самарқандӣ ба хок супурдем. Ногуфта намонад, ки қисми зиёди гурезаҳо бемориро дар шаклҳои сабук пушти сар карданд ва хушбахтона табобати саривақтӣ гирифта, ба пуррагӣ шифо ёфтанд.
-Дар давраи пандемия гурезагон аз ҷониби ягон ташкилот ё шахсони алоҳида кӯмак гирифтанд?
-Азбаски авҷи коронавирус дар Тоҷикистон ба моҳи шарифи Рамазон рост омад, афроди зиёде ба мо муроҷиат намуданд, ки мехоҳем закот ё хайрияи худро ба гурезон ва мардуми ғарибу мӯҳтоҷ тақсим намоем. Ман ба чанд нафарашон маслиҳат додам, ки беҳтараш ба ҳамон маблағи барои кори хайр ҷудокардаашон матоъ харида, ниқоб дӯзанд. Баъдан он ниқобҳоро ҳамроҳи анвои хӯрокаву маводҳои шустушӯйӣ ва антисептикҳо ба таври ройгон ба гурезагон ва дигар афроди ниёзманд тақсим кардем. Аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ дар давраи пандемия паноҳандагон ва муҳоҷирини иҷборӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд. Фақат созмони Миллали Муттаҳид ба 1349 оилаи гурезагон орд, равған, шакар, биринҷ, макарон, маводҳои шустушӯйӣ, антисептик, моск (ниқoб) ” тақсим карда буд. Ногуфта намонад, ки мо ҳамчунин ба тоҷирони саховатманди афғон рӯйхати ятимон, маъюбон, беморон, пиронсолон, модарони танҳо ва дигар шахсони мӯҳтоҷро пешниҳод карда будем ва ҳар як тоҷир ба қадри ҳиммату тавони худ ба 20-30 хонавода бо анвои хӯрока ёрӣ расонд. Аз ин кӯмакҳо натанҳо гуреза ва паноҳандагони афғон, балки оилаҳои камбизоати тоҷик низ баҳравар гаштанд. Мо ба ба 100 оила кӯмак расониданӣ бошем, ҳатман ба он рӯйхат 20-30 оилаи тоҷикро ҳам ворид мекардем.
-Дар маҷмӯъ шумораи гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон айни замон чӣ қадар аст?
-Дар маҷмааи “Ориёно” айни замон 929 хонаводаи гурезаҳои афғон ба қайд гирифта шудааст, вале ба ғайр аз ин, боз афғонҳое ҳастанд, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ё ҳамчун шахси бетабаа ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Онҳоро ҳам ба ҳисоб бигирем, ҳудуди 1200-1300 хонавода хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ шумораи афғонҳо дар Тоҷикисон беш аз 4000 нафарро ташкил мекунад, ғайр аз ин, гурезаҳо аз Эрон, Ирок ва дигар кишварҳо ҳастанд.
-Масъалаи таъмини гуразаҳо ва паноҳандагон бо ҷойи кор чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Аксарият шиква мекунанд, ки бекорӣ мушкили асосии гурезаҳо дар Тоҷикистон аст...
-Имрӯз, дар даврони пандемия кадом кишвар бо мушкилоти бекорӣ рӯ ба рӯ нест! Дар Русия барин давлати абарқудрат мардум аз бекорӣ азият мекашанд, чӣ монад ба Тоҷикистон! Ин як тарафи масъала аст. Тарафи дуюми масъала ба худи гурезаҳо марбут аст. Ҷойи кор пайдо мешавад, вале бо сабаби паст будани музди меҳнат паноҳандагон онро қабул намекунанд. Вақте ки комбинати матоъҳои пахтагин-Текстил ба кор даромад, роҳбарияташ пеш аз ҳама ба мо муроҷиат намуданд, ки мехоҳем гурезаҳоро бо кор таъмин намоем. Шахсан ман чанд нафар паноҳандагoни афғонро дар ин коргоҳ ба кор мондам, аммо ду-се моҳ пас бо сабаби кам будани маъош корро бас карданд. Дар як ошхона ошпаз лозим буд. Яке аз гурезаҳоро ба ин вазифа пешбарӣ кардан хостам, аммо “1500 сомонӣ ҳатто ба иҷорапулию роҳкиро намерасад” гӯён, рад кард. Паноҳандагон ва гурезаҳо бояд як чизро дарк намоянд, ки мо дар Олмон ё кишвари дигари Аврупоӣ нестем, ки доллару евро талаб дошта бошем. Шахсан барои ман тинҷию оромии Тоҷикистон ва муҳаббату эҳтироме, ки мардуми меҳрубони тоҷик нисбати мо доранд, аз ҳама ганҷи олам қиматтар аст. Одам бояд дар зиндагӣ мустбатгаро бошад. Мутаасифона, иддае манфигаро ҳастанд, арзу шикоят карданро дӯст медоранд, аммо дар асл зиндагиашон хуб аст.
-Дар интиҳо агар таманное, арзе, шиквае доред, метавонед баён намоед...
-Аввалан, минҳайси як инсон ба ҳукумати Тоҷикистон, ба давлати Тоҷикистон сипосгузорӣ мекунам, ки моро ҳамчун инсон қадр намуда, ба оғӯши пурмуҳаббати худ гирифтааст. Дуюм, орзу мекунам, ки дар Афғонистони мо шахсе сари қудрат биёяд, ки ақаллан 20%-и хислати Эмомалӣ Раҳмонро дошта бошад ва ватанашро содиқона дӯст дорад.
-Ташаккур барои сӯҳбати ҷолиб!