Абдухалил Буриев - офарандаи нақши Сангалӣ яке аз қаҳрамонҳои асосии силсилафилми сертамошобину машҳури “Хусури ман” ба шумор меравад. Мехоҳед бидонед, ки Абдухалил чӣ гуна ба дунёи синамо пайвасту чӣ тавр иҷрокунандаи нақши Сангалӣ шуд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
Абдухалил Буриев аслан хатмкардаи факултети фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад, вале баъди хатми донишкада аз рӯйи ихтисосаш кор накардааст, зеро бештар ба корҳои наворбардориву танзимгарӣ шавқ дошт. Дар мавриди чӣ гуна роҳ ёфтанаш ба нақши Сангалӣ мавсуф чунин гуфт:
“Вақте ки бо Набиҷон нақшаи силсилафилми мазкурро тарҳрезӣ мекардем, ба хулосае омадем, ки нақши “Сангалӣ”-ро ман меофарам. Ман мӯйлаб мондаму “Сангалӣ” шудам. Албатта то куҷо муваффақ шуданамро бинанда баҳо медиҳад. Фақат ҳаимнио мегӯям, ки зоҳиран ман ба қаҳрамони филм монандӣ дорам. Барои мисол, ман ҳам дар деҳа калон шудаам ва монанди Сангалӣ сарулибос доштам, лекин ҳеҷ вақт содаву зудбовар набудам”.
Ёдовар мешавем, ки Абдухалил аз соли 2007 то 2019 дар телевизион кор мекард ва аз соли 2020 дар филмҳои Набиҷон кор карда истодааст.