Бонки миллии Тоҷикистон ҶСК “Ориёнбонк”-ро дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор” сазовори ҷойи 3-юм донист.
Бино ба иттилои ҶСК “Ориёнбонк”, озмуни зикргардида соли дуюм аст, ки дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025. Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” гузаронида мешавад.
Озмун ин бор дар асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли сипаригашта аз рӯйи чор номина доир шудааст:
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор.
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор.
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор.
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор.