Arzon march 2024
916 миллион доллари Бонки исломии рушд барои лоиҳаҳои Тоҷикистон
11.06.2024
ОИЛА.ТҶ
192

Бонки исломии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз 916 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Ҳоло аз ҷониби ин бонк 237 миллион доллар барои 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ин рақам рӯзи 10-уми июн дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер дар шаҳри Душанбе садо дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ гардидааст.

“Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ медонад ва мо аз ҳамкории судманд бо он қаноатмандем”,- изҳор доштааст Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва идомаи ислоҳотро баррасӣ кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” изҳори сипос намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД