Бонувони зиёде аз хастагӣ, набудани вақт, ё барои он ки дар назари шавҳарашон ҷаззобтар тофта, ӯро мафтун созанд, бо пардози рӯй хоб мераванд. Яъне, қабл аз хоб ранг, малҳаму косметикаи ороиширо, ки рӯзона ба рӯй карда буданд, пеш аз хоб тоза намекунанд.
Тавре маълум аст, малҳами рӯзона аз малҳами шабона фарқ мекунад ва ҳар кадоми онро бояд дар вақту соаташ истифода бурд. Бо вуҷуди он ки таркиби ҳар ду малҳам якхела аст, вале ҷараёни таъсири формулаҳо гуногун аст. Дар ҳоле, ки малҳами хуби рӯзона вазифаи муҳофизат, нармкунӣ ва ғизо бахшидани пӯстро иҷро кунад, малҳами шабона вазифаи барқарорсозӣ ва тозакуниро дорад.
Малҳамро як соат қабл аз хоб молед
Навиштаҷоти малҳами шабона маънои онро надорад, ки онро шаб молидан лозим аст, ҳама гуна малҳамҳои шабонаро бегоҳ ба кор бурдан лозим аст. Беҳтарин тавсия барои ҷавонӣ ва зебоӣ барои пӯсти рӯй - ин хоб аст. Аз ин лиҳоз, малҳамҳои шабонаро то соати 21-22, як соат қабл аз хоб ба пӯсти рӯй молидан лозим аст.
Аз ҳад зиёд молидани малҳам ба пӯсти рӯй дар 90% ҳолатҳо сабабгори варами рӯй ҳангоми субҳгоҳон мегардад. Аз ин рӯ, малҳамро бисёр намолед, ё зиёдатияшро бо сачоқча тоза кунед.
Агар шумо 25-сола бошед...
То синни 25-солагӣ истифода бурдани малҳамҳои шабона зарурат надорад. Вале пӯсти хушк ва осебёфта ба малҳами шабонаи ғизобахш, ки дар асоси маҳсулоти табиӣ омода шудааст, ниёз дорад. Рафту пӯст равғанин бошад, шабона тоза кардани он кифоя аст.
Баъди 30-солагӣ пӯсти рӯй қобилияти хеле ками барқароршавиро дорад. Маҳз аз ҳамин айёми умр сар карда, шабона ба рӯй ҳатман малҳам молидан лозим аст.
Баъд аз 40-45-солагӣ
Пӯсти зан баъди 45-солагӣ шабона ба нигоҳубини фаъолтар ниёз дорад. Малҳамҳои махсуси таъсири фаъолдоштаро 21-30 рӯз, ҳар шаб истифода бурдан лозим аст. Чунин тавсия барои бонувони ҷавоне, ки пӯсташон ба нигоҳубини фаврӣ ниёз дорад, бамаврид аст. Шарт нест, ки малҳамҳои як ширкатро истифода баред. Басанда аст, ки аз брендҳои хуби алакай тавсияшуда ҳамон маводашро истифода кунед, ки ба пӯсти шумо мувофиқ аст.
Хоби бароҳат кафили зебоӣ
Агар ҳавои хонаи хобатон вазнин бошад, ҳуҷайраҳои пӯст шабона барқарор шуда наметавонанд. Дар болиште, ки худро бароҳат ҳис намекунед, хоб рафтан низ боиси пайдо шудани чину ожангҳои иловагӣ мегардад. Ҳар қадаре хобатон бароҳат бошад, ҳамон андоза пӯстатон дертар пир мешавад.