Макияжро тоза кунед
Бо макияж хоб кардани зан метавонад боиси сар задани аллергия, пайдоиши нарак, вараму сурхшавӣ ва бармаҳал пиршавии пӯст гардад. Бо вуҷуди ин, бонувони зиёде бо сабаби хастагӣ, набудани вақт ё барои он ки шавҳари худро бештар мафтун созанд, бо пардози рӯй хоб мераванд.
Малҳамҳои рӯзонаро бо шабона иваз накунед
Тавре маълум аст, малҳами рӯзона аз малҳами шабона фарқ мекунад ва ҳар кадоми онро бояд дар вақту соаташ истифода бурд. Бо вуҷуди он ки таркиби ҳар ду малҳам якхела аст, вале ҷараёни таъсири формулаҳо гуногун аст. Дар ҳоле, ки малҳами хуби рӯзона вазифаи муҳофизат, нармкунӣ ва ғизо бахшидани пӯстро дорад, малҳами шабона вазифаи барқарорсозӣ ва тозакуниро дорад.
Малҳамро як соат қабл аз хоб молед
Навиштаҷоти малҳами шабона маънои онро надорад, ки онро шаб молидан лозим аст, ҳама гуна малҳамҳои шабонаро бегоҳ ба кор бурдан лозим аст. Беҳтарин ретсепти ҷавонӣ ва зебоӣбарои пӯсти рӯй ин хоб аст. Аз ин лиҳоз, малҳамҳои шабонаро то соати 21-22, як соат қабл аз хоб ба пӯсти рӯй молидан лозим аст.
Малҳами зиёд намолед
Аз ҳад зиёд молидани малҳам ба пӯсти рӯй дар 90% ҳолатҳо сабабгори варами пӯсти рӯй ҳангоми субҳгоҳон мегардад. Аз ин рӯ, малҳамро бисёр намолед ё зиёдатияшро бо сачоқча тоза кунед.
Агар шумо 25-сола бошед...
То синни 25-солагӣ истифода бурдани малҳамҳои шабона шарт нест. Вале пӯсти хушк ва осебёфта ба малҳами шабонаи ғизобахш, ки дар асоси маҳсулоти табиӣ омода шудааст, ниёз дорад. Рафту пӯст равғанин бошад, шабона тоза кардани он кифоя аст.
Баъди 30-солагӣ малҳами шабона молед
Баъди 30-солагӣ пӯсти рӯй қобилияти хеле ками худбарқароршавиро дорад. Маҳз аз ҳамин айёми умр сар карда, шабона ба пӯсти рӯй ҳатман малҳам молидан лозим аст.
Нигоҳубини пӯсти рӯй баъди 40-45-солагӣ
Пӯсти зан баъди 45-солагӣ шабона ба нигоҳубини фаъолтар ниёз дорад. Малҳамҳои махсуси таъсири фаъолдоштаро 21-30 рӯз ҳар шаб истифода бурдан лозим аст. Чунин тавсия барои бонувони ҷавоне, ки пӯсташон як ширкатро интихоб намоед
Вақте ки шумо ба нигоҳубини фаврӣ ниёз дорад, ба маврид аст.
Малҳамҳои
малҳамҳои як ширкатро истифода мебаред, таъсирнокияш дар якҷоягӣ истифода набаред.
Хоби бароҳат кафили зебоӣ
Агар ҳавои хонаи хобатон вазнин бошад, ҳуҷайраҳои пӯст шабона барқарор шуда наметавонанд. Дар болиште, ки худро бароҳат ҳис намекунед, хоб рафтан низ боиси пайдо шудани чину ожангҳои иловагӣ мегардад. Ҳар қадаре хобатон бароҳат бошад, ҳамон андоза пӯстатон дертар пир мешавад.
беҳтар аст. Хусусан шабона ду малҳами тамғаҳояш гуногунро