Sebiston new 2024 october
9- насиҳати модар ба духтар
04.02.2022
ОИЛА
1634

Духтари азизам, чун ба хонадони шавҳар қадам мегузорӣ, дар қатори он ҷиҳозу ҳадя ва ҳунарҳое, ки ба ту бахшидаам, ҳамин чанд нуқтаро ҳам чун гӯшвораи заррин ба гӯшат овез. Зеро он боиси хушбахтиҳои ту буда мешаванд.

1.Ҳеҷ гоҳ бо шавҳарат дар ҳузури фарзандонат ҷангу ҷанҷол накун, зеро баъди ин туву шавҳарат барои онҳо идеалӣ намемонед. Ин мусибат аст ва он ҳамроҳи фарзандони шумо бузург мешавад.

2.Зан дар ягон давру замон хӯҷаини шавҳар набуд, бо оҳанги фармон бо ӯ ҳарф назан, зеро бо чунин оҳанги гапзанӣ ҳеҷ гоҳ гапат намегузарад! Беҳтараш тавре рафтор намо, ки ҳамсарат ғайриихтиёр пайи иҷро намудани хоҳишҳои қалбат гардад.

3.Фазои ороми оила аз зан вобастагии сахт дорад, ту бояд бахшандаву меҳрубон бошӣ. Якравӣ, дағалӣ ва кинаварзӣ хислатҳои баде ҳастанд, ки ба девори оиладорият рахна ворид месозанд. Зан бояд бонаҷобату хирадманд бошад ва фазои хуршедии оиларо нигаҳбонӣ кунад.

4.Ҳатто тамиз намудани хонаву даратро бо таъби болида оғоз намо, бо дили ранҷида ҳамаро парешонтар хоҳӣ кард.

5. Омӯхтан ҳеҷ гоҳ дер намешавад, коҳилӣ накун ва асрори зиндагиро омӯз, ба ҳар чизи нав мароқ зоҳир намо! Зани хирадманду босавод дар домонаш фарзандони боақлу ҳуш ва солеҳро парвариш мекунад.

6. Рашк ва нобоварӣ занро пиру бемор месозад, марде, ки дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ дунболи соҳибҷамолтарин зан ҳам намеравад. Агар асос надорӣ, бо гапи хабаррасону шубҳаву гумон ҷангу ҷанҷол бардошта, худатро беқадр ва оилаатро вайрон насоз!

7.Бо табъи нохуш хӯрок напаз, барои аҳли оилаат бо муҳаббат ғизо тайёр намо, дар таркиби ҳар чизи пухтаат бояд меҳр, дӯстдорӣ ва дуои офияти ҷони фарзандонат бошад. Дастархонро зебо оро бидеҳ, ин ҳисси зебоипарастиро дар шуури фарзандони шумо ҷо хоҳад кард. Хӯрок бояд болаззат, иштиҳоовар ва фоиданок бошад.

8.Ҳамеша волидон ва пайвандони ҳамсаратро ҳурмат намо ва ӯ низ бо ақрабои ту меҳрубон хоҳад шуд. Фарзандон ҳамеша ба падару модари худ тақлид мекунанд. Фардо онҳо оилаи худро аз рӯйи қонуну қоидаҳои нонавиштае бунёд хоҳанд кард, ки онро шумо дар зеҳнашон рехтаед. Пас, идеали олии фарзандони худ бош!

9.Эҳтиром-таҳкурсиест, ки болои он қалъаи хушбахтият бунёд мешавад. Бе эҳтиром ишқ нест, ёд дор, духтарам!                                     

Фароҳамсоз Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД