Arzon march 2024
8 усули бақувват сохтани мӯй
09.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1340

Мӯйҳоям зиёд рехта, тунук шудаанд. Чандин шампуну маҳлулҳои табобатиро истифода бурдам, вале фоида накард. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

ЗАРИНА

Равғани зайтун бо тухм

Сафедии 1 дона тухмро бо се қошуқ равғани зайтун омехта карда, ба мӯйҳоятон молед ва баъди 20-30 дақиқа бо шампун шӯед. Равғани зайтун аз витамину аминокислотаҳо бой буда, дар таркиби сафедии тухм протеинҳои барои мӯйи беҷон муҳим фаровонанд. Баъд аз молидани ниқоби мазкур мӯй ҳам ғафс мешаваду ҳам ҳамвору ҷилонок. Табобат бо чунин ниқоб самарабахш ва ҳамзамон бисёр арзон аст.

Банан ва авокадо

Банани пухта, авокадо ва 1 қошуқ равғани зайтунро омехта карда, ба мӯйҳои тар молед ва 20 дақиқа нигоҳ доред. Баъди сипарӣ шудани ин муддат мӯятонро бо оби ширгарм ва бе шампун шӯед. (Метавонед ниқоби мазкурро дар мӯйи сар 40 дақиқа ё 1 соат ҳам нигоҳ доред).

Асал

Асалро дар алоҳидагӣ ба мӯй молидан ва бо равғани зайтун омехта карда, истифода бурдан мумкин аст. Асал мӯйро хеле хуб мулоим мекунад, хусусан дар утоқи гарм таъсири асал зиёдтар мешавад. Молидани асал ба мӯй хеле осон аст, он дарҳол ба мӯй часпида, тунук мешавад. Мӯятонро мустаҳкаму нарм кардан хоҳед, ҳатман асал молед.

Сиркои себин

Сеяки истакон сиркои себинро бо як истакон об омехта намуда, баъди бо шампун шустани сар, ба мӯятон молед. Баъди 3 дақиқа бо оби ширгарм мӯятонро обгардон кунед, кокулонатон ҳамвору зебо мешаванд.

Ҷурғот

Ҷурғот (простокваша) назар ба кефир беҳтар аст, чунки дар таркибаш ягон илова надорад. Шири тозаро гирифта, дар ҷойи торик нигоҳ доред. Баъди чанд рӯз ҷурғоти тайёршударо гирифта, баъди саршӯйӣ ба мӯятон молед. Метавонед пас аз 20 дақиқа мӯятонро бо оби ширгарм, бе шампун обгардон кунед.

Оби ҷав

Оби ҷав мӯйро нарм карда, ҳамзамон ғизо мебахшад. Пас аз истифода бурдани оби ҷав мӯйҳо ҷило медиҳанд. Аз бӯйи нохуши оби ҷав ҳазар намекарда бошед, баъди шустани сар як литр оби ҷави тару тозаро ба мӯятон рехта, пӯсти саратонро маҳс кунед, баъд кокулонатонро бо оби ширгарм обгардон намоед. Ҳафтае як маротиба истифода бурдани оби ҷав кофист.

Бодиринг, тухм ва равғани зайтун

1 дона тухми хомро бо дилаи бодиринг ва як қошуқ равғани зайтун лат зада, ба мӯятон моледу 10 дақиқа нигоҳ дошта, сипас мӯятонро шӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД