Arzon march 2024
8 шарти муҳим барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷӣ
687

Имрӯзҳо аксари ҷавонмардон ва иддае аз занҳои тоҷик низ кӯшиш мекунанд, ки ба давлатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, шароити зисту зиндагии аҳли оилаашонро беҳтар созанд. Ба хотири кумак ба муҳоҷирон мо дар бораи 7 шарти муҳим барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар ба кишварҳои хориҷӣ маълумот медиҳем.

1.   Тоҷикистон бо 17 давлат, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Белорус, Литва, Латвия, Болгария, Черногория, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Қатар, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Олмон ва Ҷопон барои интиқоли қувваи корӣ шартнома дорад. Шаҳрвадони Тоҷикистон метавонанд тариқи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ва зерсохторҳои он, аз ҷумла Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ва Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба ин давлатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

2. Дар баробари идораҳои давлатӣ ҳамчунин як қатор ширкатҳо барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар иҷозатнома доранд. Муҳоҷироне, ки тариқи ин ё он ширкат ба давлатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, пеш аз супурдани маблағ литсензия доштан ё надоштани ширкатро бояд санҷанд. Ширкат литсензия надошта бошад, донед, ки ин танҳо макру фиреб аст, зеро ширкате, ки иҷозатнома надорад, наметавонад касеро ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристад.

3. Ба Аврупо ва давлатҳои дигари хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан тартиби муайяни худро дорад. Ширкати хориҷие, ки муҳоҷири меҳнатиро ба кор гирифтан мехоҳад, бояд ба номи он шахс даъватномаи корӣ фиристад.

4. Дар асоси даъватномаи корӣ пас аз гузаштан аз сӯҳбат ба муҳоҷири меҳнатӣ раводид-визаи корӣ дода мешавад, ки он мӯҳлати муайяни худро дорад. Маъмулан визаи кориро ба мӯҳлати 3 моҳ, 6 моҳ ва баъзан 12 моҳ медиҳанд.

5. Муҳоҷир метавонад баъди гирифтани визаи корӣ ба он кишвар сафар карда, дар ширкате, ки ӯро ба кор даъват намудааст, бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад.

6. Муҳоҷир бояд ҳатман бо корфармои хориҷиаш шартномаи меҳнатӣ бандад. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо дар шартнома бояд ба таври возеҳ нишон дода шаванд. Дар сурати сар задани ягон нофаҳмӣ байни коргар ва корфармо муҳоҷир метавонад бо кӯмаки шартномаи меҳнатӣ ҳаққи худро талаб карда гирад.

7. Шахсоне, ки нияти ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, бояд забони англисӣ, немисӣ, арабӣ ё забони дигареро, ки дар кишвари қабулкунанда бо он забон сӯҳбат мекунанд, омӯзанд.

8. Доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият-диплом ё сертификат барои кор дар хориҷа ҳатмист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД