Arzon march 2024
8 роҳи ҷавону зебо мондан
03.05.2025
Oila.tj
158

Ҳамаи мо орзуи ҷавону зебо монданро дорем. Аммо барои ин, на танҳо истифодаи маҳсулоти косметикӣ, балки риояи тарзи ҳаёти солим низ ниҳоят муҳим аст. Яке аз омилҳои муҳим - кори дурусти узвҳои ҳозима мебошад.

Узвҳои ҳозима, аз ҷумла рӯдаву меъда, нақши калидӣ доранд: онҳо моддаҳои нолозим ва заҳролудро аз организм хориҷ месозанд. Барои солим нигоҳ доштани онҳо:

1. Мева ва сабзавоти тару тоза бештар истеъмол намоед.

2. Аз истеъмоли хӯрокҳои вақташ гузашта ва ноне, ки аз шир тайёр шудааст, худдорӣ кунед.

3. Барои наҳорӣ аз хӯриши сабзавотӣ ва шӯла истифода баред.

4. Субҳгоҳон як пиёла бобуначой бинӯшед, он оромбахш буда, ҷисмро тоза мекунад.

5. Дарунро тоза кунед

Соле 1–2 маротиба рӯдаҳоро бо гиёҳобҳо ё оби шоҳамбарӣ ҳуқна намоед. Ин амал заҳру токсинҳоро аз бадан хориҷ карда, ба кори беҳтари узвҳои дохилӣ кумак мекунад. Агар имкон дошта бошед, ҳар сол ба истироҳатгоҳҳои ватанӣ равед.

6. Об - манбаи зебоӣ

Об барои пӯсти ҷавон ва ҳамвор муҳим аст. Вақте об ба тори коллаген ворид мешавад, онҳо варам мекунанд ва пӯстро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Ҳар рӯз 1,5 – 2 литр оби тоза бинӯшед. Беҳтараш:

• Обҳои чашма;

• Шарбати тару тозаи мева ва сабзавот;

• Оби ҷӯшонида, вале на оби аз зарфҳои пластикӣ.

7. Хоб - табобати бадан ва рӯҳ

Бе хоби кофӣ инсон зебову ором намешавад. Дар вақти хоб организми инсон барқарор мешавад. Хоби бароҳат ва сер, бидуни садоҳои изтиробовар ва дар ҳавои тоза - калиди ҷавонии дарозмуддат аст.

Ҳавои тоза оксигенро ба ҳуҷайраҳо мерасонад ва системаи асабро ором мекунад. Дару тирезаро бештар кушоед, аз нақлиёти ҷамъиятӣ камтар истифода бурда, бештар пиёда гардед. Дар рӯзҳои истироҳат ба сайри табиат бароед - куҳу саҳро, боғу адирҳо.

8. Нақши витаминҳо

Микроэлементҳо ва витаминҳо барои барқарории ҳуҷайраҳо ва пӯсти солим ниҳоят муҳиманд. Дар баҳору тобистон - сабзавот ва меваи тар, дар зимистон - меваҳои хушк ва гиёҳҳои шифобахш истеъмол кунед. Масалан:

• Лубиё, каду, исфаноҷ, афлесун;

• Гӯшти мокиён ва моҳӣ;

• Чормағз, мавиз, оби хуч ва йогурт.

Ҳамеша зебову ҷавон бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД