Formula september
8 мевае, ки ба кӯдакон фоидаи зиёд доранд
886

Салом! Фасли тобистон фаро расидаасту бо дидани меваҳои тару тоза, ки нав пухта расидаанд, даҳони кас об мекушояд. Махсусан кӯдакон мевагиро дӯст медоранд, вале баъзеҳо мегӯянд, ки ба кӯдакон мева додан мумкин нест, чунки шикамрав мешаванд. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед, ба фарзандонамон мева диҳем ё не? Кадом меваҳо ба кӯдакон фоида доранду кадомашон зарар?

МАСТУРАБОНУ, аз Шаҳринав

Посух:

- Барои он ки кӯдак хуб рушд кунад ва инкишоф ёбад, ба организмаш витамину минераҳои зиёде лозиманд. Қисми зиёди ин витамину минералҳо маҳз дар таркиби меваю сабзавот мавҷуданд, бинобар ин, ба кӯдакон мевагӣ надодан хатост. Баръакс, дар фасли тобистон бачаҳо бояд ҳарчи бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯранд. Фақат эҳтиёт шудан лозим аст, ки кӯдакон бо дасти ношуста мевагӣ нахӯранд ё меваҳои вайроншударо истеъмол накунанд. Имрӯз мо дар бораи фоидаи баъзе меваҳо ба кӯдакон ба шумо маълумот медиҳем.

Себ ба дандонбарории кӯдак ёрӣ мерасонад

Себ аз витаминҳои гурӯҳи В ва С бой аст, бар замми ин, дар таркибаш пектин ва клетчатка дорад. Туфайли ҳамин хусусиятҳои муфидаш себ моддаҳои зарароварро аз организми инсон бароварда, барои кори бонизоми меъдаву рӯда кумак мерасонад. Себ иштиҳоро мекушояд. Хӯрдани себ махсусан ба кӯдакон фоидаи бисёр дорад. Дар пӯсти себ моддаҳое мавҷуданд, ки барои ба осонӣ дандон баровардани кӯдак ёрӣ мерасонанд. Ба модарон тавсия медиҳем, ки вақте тифлакашон ба дандонбарорӣ сар кард, себро бо пӯсташ қимма карда ба кӯдак диҳанд.

Лимӯ бемориҳои сироятиро пешгирӣ мекунад, вале...

Лимӯ аз витамини С саршор буда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва тезтар халос шудан аз шамолкашӣ ва оқибатҳои он ёрӣ мерасонад, вале бо сабаби аз ҳад зиёд турш буданаш онро ба тифлакони хурсол додан мумкин нест. Ба кӯдакони синну соли мактабӣ метавонед кам-кам лимӯ диҳед, вале онро бо шакар омехта намоед, беҳтар аст. Лимӯчой нӯшида, кӯдак худро солиму бардам эҳсос мекунад. Махсусан дар давраи эпидемияи бемориҳои сироятӣ лимӯ ба кӯдакон фоида дорад.

Банан ба кӯдак шодию нишот мебахшад

Меваи аз ҳама безарар ва фоиданок банан мебошад. Онро ҳатто ба кӯдакони ширмак низ додан мумкин аст. Банан аз оҳан, магний, калий бой буда, асабро ором месозад ва ба кӯдак шодию нишот мебахшад. Олимон исбот намудаанд, ки хӯрдани банан ба коркарди эндорфин дар ҷисми кӯдакон ёрӣ мерасонад. Фақат ба кӯдаконе, ки фарбеҳанд, камтар банан додан лозим аст.

Апелсин иммунитети кӯдакро пурқувват месозад

Апелсин барои пурқувват шудани системаи муҳофизатии организми кӯдак, яъне иммунитет ёрӣ мерасонад. Ин меваи хушбӯй ва лазиз авитаминозро бартараф намуда, дар мубориза бо бемориҳои сироятӣ сипари фарзанди шумо хоҳад гашт. Фақат онро хеле эҳтиёткорона ба бачаҳои хурдсол додан лозим аст, чунки аксари кӯдакон ба меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла ба апелсин ҳассосият - аллергия доранд.

Нок аз витамин бой аст

Таркиби нок аз витаминҳои гурӯҳи В, кислотаи аскорбин, калтсий, натрий ва оҳан бой буда, бар замми ин, клетчатка дорад. Бо шарофати ҳамин моддаҳои муфидаш хӯрдани нок ба кори бонизоми меъда ёрӣ мерасонад. Шумо метавонед нокро шуста ба фарзандонатон диҳед ё аз он компот ва сок тайёр кунед.

Ананас чӣ фоида дорад?

Ананас меваи экзотикӣ буда, қимматтар аст, аз ҳамин хотир, на ҳар оила имкон дорад, ки ҳар рӯз кӯдакони худро бо ин меваи лазиз зиёфат диҳад. Аммо бояд гуфт, ки истеъмоли ин мева бисёр муфид мебошад. Дар таркиби ананас кислотаи аскорбин зиёд буда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ёрӣ мерасонад. Ба кӯдакони фарбеҳ ба ҷойи шириниҳои гуногун ананас додан лозим аст, чунки он равғанҳои баданро хеле хуб об мекунад.

Мандарин - сарчашмаи аминокислотаҳо

Мандарин аз минералҳо ва аминокислотаҳо бой аст. Ин меваи хуштамъ кори дил ва рагҳои хунгарди онро ба низом медарорад. Мандарин асаби кӯдакро ором намуда, ҷисмашро аз неру - энергия саршор месозад. Ба кӯдакони мактабхон бештар мандарин додан лозим аст.

Зардолу фоида дорад ё зарар?

Дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки ба кӯдакон ба ҳеҷ ваҷҳ зардолу додан мумкин нест, чунки шикамрав мекунад, вале дар асл ин меваи бомазза аз пектин ва фосфор бой аст. Туфайли ҳамин моддаҳо зардолу ба ҷараёни регенератсияи ҳуҷайраҳо ёрӣ расонида, кори ғадуди зери меъдаро ба низом медарорад ва иммунитетро пурқувват месозад.

Хулоса, ҳатман ба ғизои ҳаррӯзаи кӯдакон меваю сабзавотро илова намудан лозим аст, зеро таркибашон аз витамину минераҳо бой буда, барои рушди организми бачаҳо ёрӣ мерасонанд. Аммо дар додани мевагӣ ба тифлакони то яксола бояд хеле эҳтиёт намуд, чунки дар ҳақиқат баъзе меваҳо боиси ба шикамрав гирифтор шудани кӯдак гашта метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД