Аксарият зираро танҳо ба оши палав меандозанд, вале он хусусиятҳои зиёди табобатӣ низ дорад.
Хислатҳои шифобахши зира инҳоянд:
1. Зираро як шаб дар сирко тар карда, баъд дар бинӣ бирезанд ё он сиркоеро, ки зира дар он тар карда шуда бошад, дар бинӣ кашанд ва ё даруни биниро аз он зираи таркардашуда пур кунанд, хуни биниро мебандад.
2. Зираро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро дар чашм чаконанд, хунравии онро қатъ мекунад, пардаи дар он афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад, пок месозад, реши чашмро шифо мебахшад, нуқтаҳои сурхи даруни чашмро мебардорад.
3. Зираро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, назлаҳоро мебандад ва дарди дандонро таскин медиҳад, хусусан бо қоқутӣ ҷӯшонида бошанд, дар ин бобат қавитар мегардад.
4. Зираро бо обе, ки сирко омехта бошанд, биёшоманд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас) ва дилтапак (дилбози)-ро, ки сабабаш сардӣ бошад, шифо мебахшад.
5. Хӯрдани зира ҷигар, меъда, гурда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад. Иштиҳоро ба ҳаракат меоварад, бодҳои дохилиро таҳлил медиҳад; хиккак (ҳиқичоқ)-и рутубӣ ва бодӣ, ҳазм наёфта фуромадани таом, дарди рӯдаҳо аз бисёрии бод ва дарунравро бартараф месозад
6. Зира варами сипурз шифо мебахшад.
7. Пешобро меронад, чакмезакро ба ибро меоварад.
8. Зираро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм клизма кунанд, бодҳои зарарноки рӯдаҳо, меъда ва гурдаро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад.