Кулли ҳамдиёрони азизро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз сидқан муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо умри мисли умри Наврӯз дарозу пурбаракат ва ҳаёти амсоли баҳор сабзу шукуфонро орзу менамоем. Бизгор лабонатон мисли офтобаки баҳорӣ ҳамеша дар ханда бошанд.
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои мардумони Шарқ ба ҳисоб рафта, онро дар Эрон, Афғонистон, Туркия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва чандин кишварҳои дигар ҷашн мегиранд. Дар бораи ин иди пур аз шодиву нишот, ки оғози соли нави мардуми Шарқ ба шумор меравад, қиссаву ривоятҳо хеле зиёданд, вале мо танҳо 8 далили ҷолибро дар бораи Наврӯз манзури шумо мегардонем.
1. Наврӯз умри беш аз 5000 сола дошта, аз замонҳое, ки ҳанӯз аксари динҳо ва давлатҳои муосир вуҷуд надоштанд, ҷашн гирифта мешуд ва то кунун таҷлил карда мешавад.
2. Мувофиқи аксари сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ҷашнгирии Наврӯз аз замони шоҳ Ҷамшед оғоз ёфта, он разм рӯзи нав ва оғози ҳаёти нави кулли мавҷудоти зинда мебошад.
3. Тибқи баъзе ривоятҳои эронӣ яке аз қаҳрамонҳои асосии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ-Сиёвуш маҳз дар рӯзи иди Наврӯз кушта шуда, аз хуни поки ин шаҳиди бегуноҳ лолаҳои сурх дамидаанд.
4. Наврӯзро дар кишварҳои гуногуни олам бо номҳои мухталиф –Наврӯз, Новруз, Наурыз, Нооруз ҷашн мегиранд, вале маънии ҳамаи ин номҳо як аст-Рӯзи Нав.
5. Наврӯз аслан иди динӣ нест, вале дар аксари кишварҳо таҷлили он бо сабабҳои динӣ манъ буд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ин идро то солҳои 70-ум таҷлил намекарданд, дар Туркия низ ҷашнгирии Наврӯз манъ буд, аммо новобаста ба ҳама манъкуниҳо Наврӯз зинда монд.
6. Наврӯз дар ҳақиқат иди баҳор ва оғози соли нав аст, олимон исбот намудаанд, ки маҳз 21- март шабу рӯз баробар шуда, баъдан рӯзҳо дарозтар шудан мегиранд.
7. Санаи 10-феврали соли 2010 дар Сессияи 64-уми Асамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Резолютсия дар бораи эълон намудани “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” қабул шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб Наврӯзро ҳамчун иди байналмилалӣ ҷашн мегиранд.
8. Муҳимтарин рукни Наврӯз оростани суфраи 7 син ё 7 шин буда, рамзи асосии ин ид сумалак мебошад.