Соли 2023 дар Тоҷикистон 79143 ҷойҳои нави кории доимӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни нишасти хабарӣ маълумот дода гуфт:
“Дар ҷумҳурӣ дар тӯли соли 2023 дар маҷмӯъ 230747 ҷойҳои нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, ки аз ин 79143 ҷойи кории доимӣ, 43112 ҷойи кории муввақатӣ ва 102588 ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд. Дар ин давра ҳамчунин 1495 ҷойҳои кории иловагӣ таъсис ёфта, 4409 ҷойҳои корӣ барқарор шудаанд.“
Аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва ҷангал 99849 ҷойҳои нави корӣ, дар бахши канданиҳои фоиданок 3566, саноати коркард 12883, савдои яклухт, чакана ва таъмир 20703 , нақлиёт ва хоҷагии анбор 6402 ва дар соҳаи сохтмон 37148 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд.