Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 708 903 кг маҳсулоти гуногуни ғизоӣ ба қайд гирифта шудааст, ки як қисмашон аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигар аз рӯйи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгӯ набудаанд.
Дар ин бора дар нишасти Агентии Тоҷикстандарт хабар дода шуд.
Дар ин замина илова гардид, ки озмоишгоҳҳои назоратии маҳсулоти ғизоии Агентии Тоҷикстандарт аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 49 698 кг маҳсулоти гӯштӣ, 976 кг равғани растанӣ, 20 209 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 9240 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 3920 маҳсулоти қаннодӣ, 13 687 кг маҳсулоти ширӣ, 240 кг иловагӣ орд ғайристандартӣ ҳисобида шуда, нисбати воридкунандагони ин маҳсулот чораҳо андешида шудаанд.
Барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрҳои техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 3895 ҳолат ба маблағи умумии 1 135 338 сомонӣ ҷарима таъин карда шуда, маблағҳои мазкур ба буҷети давлат пардохт карда шудаанд.
Аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 127 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, ба анбори нигаҳдории Агентӣ супорида шудаааст.