Formula novemver 2024
70000 сомонӣ-туҳфаи Ҳоҷӣ Маҳмуд ба зани маъюб!
1581
70000 сомонӣ-туҳфаи Ҳоҷӣ Маҳмуд ба зани маъюб!


Зане, ки шумо дар навор мебинед, Холида Кароматова ном дошта, замоне мисли дигарон пойи равон дошт ва дасти садҳо корафтодаро мегирифт, аммо тақдири талх билохира ӯро аз ду пой маҳрум ва мӯҳтоҷи аробачаи маъюбӣ гардонд.

Холида Кароматова 63-сол дошта, собиқаи кории беш аз 25-сола дорад. Замоне дар раёсати фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе фаъолият менамуд, ба ҳайси муррабия низ дар кӯдакистон кор кардааст, аммо дар синни 52-солагӣ якбора ба беморӣ печида, аз пойи равон маҳрум гашт.

Инак, 9 сол мешавад, ки ӯ дар аробачаи маъюбӣ мешинад, вале бо ин ҳама ранҷи беморӣ мудом шукрона мекунад. Шукронаи фарзандону наберагони ғахору меҳрубонаш ва шукронаи ҳама додаҳои худованд. Шояд ҳамин шукргузориаш ба даргоҳи Аллоҳ боис гаштааст, ки дар арафаи иди саиди фитр туҳфаи бузурге насибаш гашт, ки ин зани маъюб чунин ҳадяи ногаҳониро аслан интизор надошт. Соҳибкори муваффақи тоҷик, роҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил”,вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, марди хайрхоҳу дарёдил Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов закоти молашро ба ин зани маъюб бахшида, бегоҳи иди саиди фитр ба Холида Кароматова 70- ҳазор сомонӣ туҳфа фиристод.

Холида Кароматова мегӯяд, пештар вай дар бораи амалҳои хайри Ҳоҷӣ Маҳмуд бисёр шунида буд ва медонист, ки ин марди ҳотамнажод ҳамеша ба ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва дигар афроди ниёзманд дасти мадад дароз менамояд, вале дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки рӯзе дасти шафқати Ҳоҷӣ Маҳмуд маҳз ба сӯйи ӯ дароз шуда, ин марди хайрхоҳ чунин маблағи калонро барояш туҳфа мекунад.

Холида Кароматова соҳиби 5 фарзанду 10 набера буда, бо кулли фарзандону наберагонаш дар як ҳавлӣ истиқомат мекунад. Хайре, ки вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, роҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ба ин зани маъюб кард, айни муддао буда, кӯмаки бузургест барои ин оилаи калон. Маҳмудҷон Муродов мегӯяд, дар ҳар даромаде, ки соҳибкорон ба даст меоранд, ҳисси ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва дигар мардуми эҳтиёҷманд низ ҳаст ва соҳибкор бояд ҳатман он ҳиссаро ба мӯҳтоҷон диҳад, зеро хайру саховат намудан, боиси пешравии кори худи соҳибкорон ва ободии мулк мегардад.

Умедворем, ки дигар соҳибкорон, тоҷирон ва афроди сарватманд аз Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ибрат гирифта, дар ҳаққи чунин маъюбону дармондагон ва ятимону бепарасторон ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва дар шукуфоии мулку пешравии зиндагии ҳар як сокини Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД