7 сирри зебоии занону духтарон дар моҳи апрел
04.04.2026
Oila.tj
18

Фасли зебоӣ

Пас аз фасли зимистон пӯсти рӯй ва мӯй аксаран каме хушк, хаста ва беҷило мегарданд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои аввали баҳор нигоҳубини дурусти бадан, ғизои солим ва тарзи ҳаёти фаъол аҳамияти махсус пайдо мекунад. Бо риояи чанд қоидаи одӣ ҳар бону метавонад пӯсту мӯйи худро ботароват гардонад ва бо рӯҳу илҳоми тоза ба баҳори нав қадам гузорад.

Ғизои дуруст

Яке аз шартҳои муҳими нигоҳ доштани зебоӣ ғизои солим аст. Дар оғози баҳор беҳтараш аз хӯрокҳои хеле равғанин, тез, дуддодашуда ва вазнин камтар истифода бурд. Ба ҷои онҳо бештар меваву сабзавоти тару тоза, хӯришҳо, кабудиҳо ва шӯрбоҳои сабук истеъмол намоед. Маҳсулоти ширӣ низ барои ҷисм бисёр фоидаовар аст, зеро онҳо ба пӯст ва мӯй нерӯ мебахшанд. Нӯшидани оби тоза низ аҳамияти калон дорад. Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки субҳро бо як пиёла оби гарм бо порае лимӯ оғоз намоед, ин ба тоза шудани организм ва беҳтар шудани кори ҳозима мусоидат мекунад.

Дар ҳаракат бошед

Дар фасли зимистон бинобар сардии ҳаво бисёриҳо камҳаракат мешаванд. Баҳор бошад, вақти беҳтарин барои фаъол гардидани ҷисм аст. Сайругашт дар ҳавои тоза, машқи сабуки саҳаргоҳӣ ва варзиш ба гардиши хун мусоидат намуда, ба пӯст ранги солим мебахшад. Барои онҳое, ки мехоҳанд вазни худро каме танзим кунанд, машғул шудан ба варзиш махсусан муфид аст. Ҳатто 20–30 дақиқа роҳгардӣ дар як рӯз метавонад ба саломатӣ ва намуди зоҳирӣ таъсири хуб расонад.

Хоби солим

Яке аз асрори муҳими зебоӣ хоби кофӣ ва барҳат мебошад. Пас аз зимистони тӯлонӣ бадан ба истироҳати бештар ниёз дорад. Агар инсон дер хоб равад ва барвақт бедор шавад, хастагӣ ва руҳафтодагӣ зиёд мегардад. Кӯшиш намоед, ки ҳадди ақал то соати 22–23 ба ҷогаҳ дароед. Пеш аз хоб истифодаи телефон ва тамошои телевизорро маҳдуд кунед. Агар хобатон зуд наояд, сайругашти кӯтоҳ дар ҳавои тоза ё нӯшидани чойи гиёҳӣ метавонад ба ором шудани асабҳо мусоидат намояд.

Поксозӣ ва нармкунии пӯст

Дар баҳор пӯст ба нигоҳубини нарм ниёз дорад. Барои шустани рӯй беҳтараш аз оби ҷӯшида ва каме гарм истифода баред. Барои нарм ва ғизо додани пӯст ниқобҳои табиӣ хеле муфиданд. Асал, маҳсулоти ширӣ, равғанҳои табиӣ, инчунин меваву сабзавот метавонанд пӯстро мулоим ва тароватбахш гардонанд.

Ниқоби фаллагӣ

Се қошуқ фалларо бо зардии як тухм ва чор қошуқ шарбати сабзӣ омехта кунед. Омехтаи ҳосилшударо ба рӯй молед ва тақрибан 20 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз он рӯятонро бо оби гарм бишӯед. Ин ниқоб ба пӯст ғизо дода, онро нарму равшан менамояд.

Ниқоб аз мева

Себро дар тафдон каме пухта, тақрибан 15 грамми онро гиред. Ба он ними банан ва каме равғани бодом илова карда, хуб омехта намоед. Омехтаро ба рӯй ва гардан молед. Баъди тақрибан як соат ниқобро бо матои мулоим ё дока тоза кунед. Ин усул барои намнок ва серғизо гардондани пӯст хеле муфид аст.

Нигоҳубини дурусти мӯй

Дар рӯзҳои аввали баҳор беҳтараш истифодаи фенро кам кунед, то ки мӯй аз гармии зиёд осеб набинад. Барои ҷилои табиии мӯй аз ҷӯшоби гиёҳҳо истифода бурдан мумкин аст. Масалан, оби ҷӯшонидаи бобуна, газна (крапива) ё барги дарахти тӯс мӯйро қавӣ ва тобнок мегардонад. Агар баъди шустани сар мӯятонро бо чунин гиёҳобҳо чайқонед, он солимтар ва зеботар менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД