Беҳуда нест, ки чашмро оинаи дил мегӯянд. Доштани чашмони зебо махсусан барои бонувон хеле муҳим аст, зеро чашмони афсунгар нисфи ҳусни зан ба ҳисоб мераванд. Барои он ки пӯсти атрофи чашмонатон бармаҳал пажмурда ва пурожанг гашта, ҳусни шуморо накоҳонанд, тарзи дурусти нигоҳубини чашмонро риоя намоед. Имрӯз мо ба шумо, бонувони азиз, дар бораи ниқоб-лифтингҳое маълумот медиҳем, ки аз маҳсулоти дастрас омода шуда, барои тароватноку ҳамвор кардани ожанги кунҷи чашмон на камтар аз малҳамҳои мағозагӣ кумак мерасонанд.
Картошка - давои варами чашм
1 дона картошкаро шуста, хушконида, аз турбтарошаки хурдсӯрох гузаронед. Саҳару бегоҳ каме картошкаи тарошидашударо ба пораи дока гирифта, ба қисми поёни чашмонатон 10-15 дақиқа нигоҳ доред.
Асалу зардии тухм
1 қошуқ асал, зардии 1 тухм, 1 қошуқ орд, 3-4 қатра витамини Е-ро нағзакак омезиш диҳед. Ниқобро ҳафтае 2-3 бор ба гирди чашмонатон молида, баъди 15 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.
Барги ҷаъфарӣ
Баргҳои ҷаъфариро нағзакак шуста, оби онро ба атрофи чашмонатон молида, бо докачаи дар оби сард таршуда пӯшонед. Барои ниқоби дигар 1 қошуқ оби ҷаъфариро бо 2 қошуқча сметанаи беравған омехта карда, ба поёни чашмҳо молидан лозим аст. Тақрибан баъди 15 дақиқа ниқобро бо оби хунук шӯед. Аз ҷаъфарӣ боз як ниқоби сеҳрноки дигар тайёр кардан мумкин аст. Ҷаъфарии кӯфтаро бо картошкаи хоми майдашуда омезеду маҳлули ҳосилшударо ба дока гирифта, 10-15 дақиқа дар чашмони пӯшидаатон нигоҳ доред.
Ниқоб аз лӯбиё ва қаймоқ
1 қошуқча пюреи гарми картошкагиро бо 1 қошуқча лӯбиёи обпази кӯфташуда, равғани зайтун ё бодом, 1 қошуқча сметана ё саршири равғанин ва орд омехта карда, ниқоби тайёршударо ба пӯсти атрофи чашмон молидан лозим аст. Ниқобро метавонед 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби хунук шӯед. Ҳар як ниқобро баъд аз 3-4 рӯз дар давоми 5-7 ҳафта тайёр кардан лозим аст.
Ниқоб аз афлесун
Камакак шарбати афлесунро ба он зардии латзадаи тухм, 1 қошуқча асал ва 1 қошуқ равғани зайтунро илова карда, дар пӯсти гирди чашм 10-15 дақиқа моледу бо оби ширгарм шӯед.
Ниқоб аз банан
Ними бананро нағзакак лат зада, ба он 1 қошуқча равғани растанӣ ва 1 қошуқча саршир илова карда, ниқобро дар пӯсти атрофи чашмонатон 15-20 дақиқа нигоҳ дореду баъд бо оби ширгарм шӯед.
Ниқоб аз сабзӣ
Сабзиро пӯст карда, аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронед ва ба он зардии 1 тухму 2 қошуқ оҳари картошкаро илова карда, нағзакак омезиш диҳед. Ниқобро ба пӯсти атрофи чашмон молида, баъди 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.
Таҳияи НОДИРА