Arvand Bank
7-роҳи осони ёфтани дили мард
3544

 

Ба мардатон барои амалҳое, ки барои шумо ба анҷом мерасонад, изҳори миннатдорӣ мекунед?

Бовар кунед, ибораи одии «ташаккур» шуморо ба ҳам қарин гардонида, муносибатҳоятонро мустаҳкамтар мегардонад. Мо ба шумо чанд роҳи ибрози сипос ва миннатдориро пешниҳод менамоем.


Дар ҳудуди деҳаи Ясии ҷамоати деҳоти “Гули сурх” Нигинаи 22-соларо сокини деҳаи Зарнисор Фаррух Холмуҳаммедов буғӣ карда кушт.

 


Сидқан миннатдорӣ кунед

Магар бароятон душвор аст, чанд ҳарфаки хубу самимӣ гуфта хотири ёратонро шод гардонидан? Ҳар кореро, ки ёратон ба хотири шумо дар рӯзгор ба сомон мерасонад, ба назар гирифта, ӯро таъриф кунед. Қулфи дар ё крани обро дуруст кард, ӯро ба оғӯш гирифта, аз чунин шавҳари ғамхор ифтихор карданатонро иброз намоед. Минбаъд шавҳаратон бо камоли майл ба шумо кӯмак мерасонад.

Ҳадяи ногаҳонӣ

Хӯроки дӯстдоштаи ӯро омода намоед ё субҳонаи ғайриодӣ тайёр кунед. Аз самбӯсаҳои варақину мураббои хонагии шумо табъи шавҳаратон тамоми рӯз болида мегардад. Мард аз он ки шумо барои ӯ шуда, заҳмати зиёд кашида, пухтупаз кардаед, шод мешавад. Фаромӯш накунед, занҳо сухани хуш ва туҳфаи гаронбаҳоро рамзи эҳтиром шуморанд, мардон ғамхориро нисбат ба худ нишонаи ҳурмату муҳаббати зан медонанд.

Хатча нависед

Қабл аз ба кор рафтанатон, дар варақчае нависед, ки ӯро дӯст медоред ва хатчаро дар рӯйи миз ё кисаи шавҳаратон гузоред. Метавонед магнитҳои махсуси варақдореро, ки ба яхдон мечаспанд, харидорӣ намуда, ҳамарӯза бо воситаи ин номаҳои гӯё ба мардакатон изҳори муҳаббат намоед.

Аз аҳволаш пурсон шавед

Мардҳо мисли бонувон дар бораи зиндагии худ гап зада, чӣ гуна гузаштани рӯзашонро нақл карда наметавонанд, вале вақте зан ба кору бори мард мароқ зоҳир менамояд, ин ба мард хуш меояд. Барои ҳамин ҳар шом аз дӯстдоштаатон пурсон шавед, ки имрӯз чӣ корҳоро ба сомон расонд ва дар кораш чӣ навигариҳо ба вуҷуд омаданд. Ба кору бори ӯ мароқ зоҳир карданатонро дида, мард дарк менамояд, ки шумо нисбаташ бепарво нестед ва ин муносибатҳои шумоёнро боз ҳам мустаҳкамтар месозад.

Мардро ба оғӯш гиред

Олимон ба хулосае омаданд, ки барои хушбахт шудан инсон бояд рӯзе 8 маротиба дӯстдоштаашро ба оғӯш бигирад. Мардҳо табиатан мағрур ҳастанд ва наметавонанд бо ин роҳ эҳсосоташонро нишон диҳанд, вале шумо метавонед мардакатонро ба оғӯш гирифта, ҳам худатон ва ҳам ӯро хушбахт созед. Шарм надошта шавҳаратонро ба оғӯш кашед, бӯса кунед ва мӯяшро сила намоед, он гоҳ мебинед, ки чӣ тавр ин мавҷуди мағрур дар оғӯшатон мум барин об мешавад.

Маҳс кунед

Баъди рӯзи вазнин корӣ ҳар инсон, хоса мард мехоҳад хастагиашро барорад. Барои ҳамин танбалӣ накарда, ҳар бегоҳ мардатонро маҳс кунед. Маҳс натанҳо ӯро, балки шуморо низ болидаруҳ месозад.

Ба мард кӯмак расонед

Баъзан мардҳо мисли мо-занҳо дар анҷом додани баъзе корҳо душворӣ мекашанд. Магар шумо намехоҳед бо корҳое, ки аз уҳдааш ба хубӣ мебароед, машғул шавед? Пас худхоҳӣ накарда ба мардакатон дар ҳалли баъзе муаммоҳои зиндагӣ ёрӣ расонед. Кори шавҳаратонро сабук карда, шумо пойдевори бахтатонро боз ҳам мустаҳкамтар месозед, зеро якдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигар боиси афзудани ҳурмату эҳтиром дар байни ҳамсарон мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Molik° 2019-12-15, 20:15
То метавонед муҳаббати ҳақиқии худро ошкор созед, ошкор сохтед ба дигар тараф майл нахоҳад шуд..
Посух
Фируза 2020-05-15, 11:12
Дар бораи минет хеччиз нагуфтед ку?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Molik° 2019-12-15, 20:15
То метавонед муҳаббати ҳақиқии худро ошкор созед, ошкор сохтед ба дигар тараф майл нахоҳад шуд..
Посух
Фируза 2020-05-15, 11:12
Дар бораи минет хеччиз нагуфтед ку?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД