formula feb 2025
7 роҳи ношуста тоза кардани либос дар фасли зимистон
31.01.2025
Oila.tj
481

Мардуми рус мақоли аҷибе доранд: “Инсонро аз рӯйи либосаш истиқбол гирифта, мувофиқи ақлаш гусел мекунанд”. Ин мақоли халқӣ ҳикмати бузурге дорад, зеро дар ҳақиқат ба инсон аз нигоҳи аввал аз сарулибосаш баҳо медиҳанд. Барои он ки либосҳои шумо ба зудӣ фарсуда шуда, зебоии худро аз даст надиҳанд, кӯшиш кунед, ки онҳоро камтар бишӯед, зеро либосҳоятонро дар мошинаи ҷомашӯӣ бишӯед ҳам, бо ҳар як шустушӯй наху тору пуди матоъи либос афсурда шуда, рангаш мепарад. Имрӯз мо дар бораи роҳҳои дигари тоза кардани либос ба шумо чанд маслиҳати судмандро пешкаш месозем.

  1. Либоси болоиатонро бо поккунандаҳои хушк ва маҳлулҳои махсус тоза карда, камтар ба мошинаи ҷомашӯйӣ андозед.
  2. Дар фасли сармо аз таги куртаҳои калта - рубашкаву блузаҳо футболкаву лонгслив пӯшед. Ин имкон медиҳад, ки блузаҳоятон тайи кашаш зард нашуда, шуморо гарм нигоҳ дорад. Онро метавонед қариб ҳар бегоҳ дастакӣ ё дар мошинаи ҷомашӯйӣ пок созед.
  3. Куртаҳо, махсусан ранги равшану сафеддошта, пас аз ду-се бор пӯшидан ҷойи остину гарданашон чирку чангу равғани бадан мегиранд. Агар зиёд чиркин ва намдор нашуда бошанд, онро бо қаламчаҳои махсуси кимиёвӣ тозакорӣ кардан имкон дорад, ки айни замон дар мағозаҳои молҳои кимиёвиву поксозӣ зиёданд.
  4. Доғҳои дар сатин, шоҳии ғафс, ё матоъҳои сунъӣ пайдошударо тавассути сачоқчаҳои оддии нам пок карда мешавад, танҳо ин корро эҳтиёткорона анҷом додан лозим аст.
  5. Палтои шумо чанг ё хок зада бошад, аввал хуб такконда, бо тасмакоғази часпак нағзакак тоза кунед. Пайи равғанӣ ва дигар доғҳоро бо нигоҳ доштан дар бӯғ тоза мекунанд. Чанд дақиқа либосатонро рӯйи бӯғ гирифта, бо чутка, ё латтачаи пашмӣ эҳтиёткорона шакида гиред.
  6. Барои пайи зонуҳоро аз шиму поҷома нест кардан, камтарак он ҷойро нам карда, аз рӯйи дока бо газмоли гарм аз болояш давонед.
  7. Ҳеҷ гоҳ либоси доғдорро газмол накунед, ки доғаш дигар намеравад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД