Ширину хотирмон гузаштани ҷашни соли нав аз бисёр ҷиҳат ба ҳунар ва маҳорати кадбонуи хонадон вобаста аст. Барои дуруст чидани мизи идона ва оро додани дастурхони солинавӣ баъзе қоидаҳоро ҳатман донистан ва риоя кардани хонумҳо зарур аст.
Метавонед дар рӯйи миз дастархони сурх партоед ва сачоқчаҳои сафед ё сурх гузоред. Дар гирди миз шамъчаҳои майда гузоред ва дар байнаш сим-симакҳои солинавӣ гузоред.
Табақҳои сафед ё сафеди зарҳалдор гузошта, дар қабаташ чангак, қошуқ ва аз тарафи дигараш кордро гузоред.
Хӯроку хӯриш ва кулчақанду шириниҳо, нӯшокӣ ва истаконҳоро бо тартиби муайян чида, дар дастурхон мевагӣ гузоштанро фаромӯш накунед.
Дар дастархони солинавӣ бояд ҳатман хӯришу ассорти, нон ё кулча, моҳибирён, мурғи пӯхташуда, гӯштбирён ё сихкабоб бошад.
Мурғи дар тафдон пӯхташуда, сихкабоб ва моҳибирён барои пешвозгирии соли нави мелодӣ беҳтарин ғизоҳо ба шумор мераванд.
Хӯриши аливия омода кунед ва болояшро мисли арча бо укробу анор оро диҳед. Метавонед хӯриши сезар, ананас, хӯриши арча, хӯриши бобои барфиро омода карда, ба дастархони идонаи хеш зебу зиннати бештар бахшед.
Кулчақанду шириниҳои дӯстдоштаи худро омода карда, дар рӯйи миз гузоред. Хони солинавии худро бо ҳар гуна хӯришу таомҳои болаззат оро дода, барои худ ва оилаатон фазои солинавӣ ташкил намоед ва аз он лаззат баред.
Соли навро бо оила ва фарзандон, наздикону пайвандон ва ёру дӯстонатон бо хурсандӣ пешвоз гиред, то канори ҳам шод бошед ва ин сол бароятон хушбахтиҳои нав ба нав биёрад.