7 одате, ки дар сармо ба пӯст зарар мерасонанд
07.02.2026
Oila.tj
51

Дар фасли сармо пӯст ба озмоиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ҳавои сард, шамоли сахт ва ҳавои хушк дар дохили хонаҳо ба ҳолати он таъсири манфӣ мерасонанд. Бисёр вақт мо ба хотири роҳати худ одатҳоеро пеш мегирем, ки на танҳо кумак намекунанд, балки вазъро бадтар намуда, боиси хушкшавӣ, сурхшавӣ ва пӯстпартоӣ мегарданд. Дерматолог ва косметолог Екатерина Каминская чанд иштибоҳи маъмулро номбар кардааст, ки то баҳор метавонанд ба пӯст зарари ҷиддӣ расонанд.

1. Истифодаи аз ҳад зиёди оби гарм

Гарм шудан зери душ ё шустани рӯй бо оби бисёр гарм роҳатбахш аст, аммо барои пӯст хеле зараровар мебошад. Ҳарорати баланд қабати табиии муҳофизатии пӯстро вайрон карда, намиро аз он берун мебарад. Дар натиҷа, эҳсоси кашиш, халалёбии мувозинати табиии пӯст ва пайдо шудани тарқишҳои майда ба миён меояд, ки пӯстпартоиро зиёд мекунад.

2. Худдорӣ аз истифодаи малҳам

Бархеҳо гумон мекунанд, ки малҳам барои пӯсти рӯй дар сармо ях мебандад ва ба пӯст зарар мерасонад. Ин ақида асоси тиббӣ надорад. Баръакс, агар бидуни муҳофизат ба ҳавои сард бароед, рагҳои пӯсти рӯй танг шуда, намӣ аз он зуд бухор мегардад. Малҳам пӯстро муҳофизат мекунад ва аз хушкшавӣ нигоҳ медорад.

3. Истифодаи воситаҳои тозакунандаи шадид

Гелҳо ва собунҳое, ки сулфат доранд, инчунин тонникҳои спиртдор дар зимистон пӯстро хеле хушк мекунанд. Онҳо равғани табиии пӯстро шуста мебаранд ва қабати муҳофизатиро вайрон месозанд. Ҳатто пӯсти равғанин метавонад дар ҷавоб равғани зиёдатӣ ҷудо кунад, ки боиси басташавии сӯрохиҳо ва ноҳамвор шудани ранги рӯй мегардад.

4. Ба намии ҳавои хона аҳамият надодан

Дар мавсими гармидиҳӣ намии ҳаво дар хонаҳо аксар вақт аз меъёри лозимӣ паст мешавад. Ҳавои аз ҳад хушк намиро аз пӯст “мекашад”. Дар чунин шароит ҳатто беҳтарин кремҳо ҳам таъсири пурра намедиҳанд. Истифодаи намноккунандаҳои ҳаво хеле муфид аст.

5. Аз ҳад зиёд истифода бурдани скрабу пилингҳо

Дар зимистон равандҳои табиии барқароршавии пӯст суст мешаванд. Аз ин рӯ, истифодаи зиёдтари пилингҳо, ишқор (кислота), ретинол ва скрабҳо метавонад боиси сурхшавӣ, хашмгиншавӣ ва заиф шудани муҳофизати пӯст гардад.

6. Кам нӯшидани об

Дар сармо ҳисси ташнагӣ камтар мешавад ва мо обро камтар менӯшем. Аммо эҳтиёҷи бадан ба об тағйир намеёбад. Камобӣ зуд дар пӯст инъикос меёбад: он хира мешавад, чандирӣ кам мегардад ва чинҳои майда бештар намоён мешаванд.

7. Нигоҳубини нокифояи лабҳо ва дастҳо

Лабҳо умуман ғадудҳои равғанӣ надоранд, дар пӯсти дастҳо ҳам онҳо хеле каманд. Аз ҳамин сабаб, пӯсти лабу дастҳо дар сармо зуд хушк шуда, метаркананд ва илтиҳоб мегиранд. Истифодаи балзам барои лаб ва креми ғизодиҳанда барои дастҳо дар зимистон ҳатмист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД