Arzon march 2024
7 медали ГРАН -ПРИИ ДУШАНБЕ- 2023 –ро ҷудочиёни тоҷик гирифтанд
501

 

Дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян карда шуд. Дар рӯзи охир ҷудочиёни Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён (дар вазни -90) медали тилло ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.

 

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони ҷойи аввал соҳиби 3000 евро, ҷойи дуюм 2000 евро ва ҷойи сеюм 1000 евро шуданд.

Бояд гуфт, ки Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 низ буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова карда мешавад. Барои ҷойи 1 — 700 хол, ҷойи 2 — 490, ҷойи 3 — 350, ҷойи 5 — 252 хол ва ғайра дода мешавад, хабар додааст АМИТ Ховар.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа:
                               Занон
-78 кг
1. Олек Анна Монта (Олмон)
2. Анна-Мария Вагнер (Олмон)
3. Ҷордҷа Стангерлин (Италия)
3. Александро Бабинтсева (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
+78 кг
1. Нунес Рошел (Португалия)
2. Самира Буизгарн (Олмон)
3. Адиясурен Амарсайхан (Муғулистон)
3. Даря Владимирова (дастаи варзишгарони фардии бетараф)

                                  Мардон

-90 кг
1. Комроншоҳ Устопириён (ТОҶИКИСТОН)
2. Элдор Аллахвердиев (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
3. Дэвид Кламмерт (Чехия)
3. Элжан Ҳоҷиев (Озарбайҷон)

-100 кг
1. Матвей Каниковский (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
2. Ниёз Билалов (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
3. Златко Кумрич (Хорватия)
3. Батхуяг Гончигсурен (Муғулистон)

+100
1. Тамерлан Башаев (дастаи варзишгарони фардии бетараф)
2. Темур Раҳимов (ТОҶИКИСТОН)
3. Ерасил Кажибоев (Қазоқистон)
3. Магомедомар Магомедомаров (АМА)

Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД