Formula novemver 2024
7 маслиҳати муфид барои бартараф кардани равғани рӯй
1315

Барои бартараф кардани равған ва ялаққос задани рӯятон метавонед аз ин 7 маслиҳати муфид истифода баред.

Ин маслиҳатҳо барои нест кардани равғани пӯсти рӯй кӯмак мекунанд:

Тозакунии рӯй

Рӯйи худро бо малҳами тозакунандаи пӯсти рӯй дар 1 ҳафта 2 маротиба тоза кунед.

Малҳам барои пӯсти равғанӣ истифода кунед

Аз ниқоб-маскҳои махсус барои тоза кардани пӯсти равғанӣ истифода баред. Ин ниқобҳо барои халосӣ аз равғани рӯй кӯмак мерасонанд.

Пудраи хушккунанда молед

Пудраи матиркунанда, ки барои пӯсти равғанӣ пешбинӣ шудааст, ялаққосзанӣ, яъне блески рӯйро мегирад. Дар давоми рӯз танҳо аз ҳаимн намуди пудра истифода баред.

Хӯроки витаминдор истеъмол кунед

Хӯроки аз витамин бой, мева, сабзавоти тару тоза бештар истеъмол кунед. Хӯрдани меваю сабзавот, ки ба хосиятҳои зиёди зидди равғанӣ доранд, манфиатбахш аст.

Об нӯшед

Нӯшидани оби минералӣ барои нигоҳ доштани саломатии пӯст ва хориҷ кардани равғани пӯст муфид аст, оби минералӣ метавонанд саломатии пӯстатонро беҳтар созад.

Истифодаи маводи ороишӣ барои пӯсти равғанӣ

Аз маводҳои ороишии махсус барои пӯсти равғанӣ буда, истифода кунед, ки пӯсти шумо зуд равғанашро хориҷ накунад.

Пешгирӣ аз хӯрокҳои равғанин

Хӯрокҳои равғаннокиашон баланд, хусусан “Фаст-фуд”-ро камтар истифода баред.

Агар масъалаи ҷиддӣ бошад, ба духтури пӯст муроҷиат кардан лозим меояд. Ҳамеша ҷавону зебо бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД